Додгоҳи вилояти Иркутски Русия муҳлати ҳабси се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба даст доштан дар як ҷанҷоли пурсарусадо муттаҳам мешаванд, то чаҳор моҳи дигар тамдид кард. Акс: ИнтернетАкс аз Мария Оленникова, “ИА IrkutskMedia” Ин се муҳоҷири тоҷик пас аз оташ гирифтани макони будубошашон дар вилояти Иркутски Русия моҳи ноябр боздошт шуда буданд. Пулиси Иркутск он замон […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Додгоҳи вилояти Иркутски Русия муҳлати ҳабси се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба даст доштан дар як ҷанҷоли пурсарусадо муттаҳам мешаванд, то чаҳор моҳи дигар тамдид кард.
Акс: ИнтернетАкс аз Мария Оленникова, “ИА IrkutskMedia”
Ин се муҳоҷири тоҷик пас аз оташ гирифтани макони будубошашон дар вилояти Иркутски Русия моҳи ноябр боздошт шуда буданд. Пулиси Иркутск он замон онҳоро то 13-уми январ ба ҳабси пешакӣ гирифта буд.
Ду нафари онҳо, Қурбонмад Содиқов ва Далер Ҳасанов ба гумони “қасди куштор” ва як нафарашон Ҷумъабой Искандаров ба иттиҳоми “авбошӣ” дастгир шудаанд. Аммо шоҳидони айнӣ мегӯянд, пулис ба ҷои он ки ҷинояткоронро боздошт мекард, муҳоҷирони бегуноҳро боздошт кардааст.
Алишер Ширинов, раиси Ҷамъияти тоҷикони Иркутск ба Радиои Озодӣ гуфт, иттиҳомоти ҷабрдидаҳои тоҷик беасос аст ва гурӯҳи 4-нафараи вакилони дифоъ талош доранд, бегуноҳии онҳоро исбот кунанд. Ба гуфтаи Алишер Ширинов, рӯзи 12 ноябр се ҷавон ҳангоми кӯшиши наҷот додани ду ҳамсафари худ, ки ба мағоза барои харидани нон рафта буданд, мавриди лату кӯб қарор гирифтанд. Аммо расонаҳои Русия мегӯянд, занозанӣ пас аз “сӯҳбати”-и муҳоҷирони тоҷик бо як духтари рус рух додааст.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳе аз муҳоҷири кории тоҷик дар як вагон дар ноҳияи Заларински вилояти Иркутск зиндагӣ мекарданд. Шаби 12 ноябри соли 2021 гурӯҳе аз ҷавонони сокинони он минтақа ҷои зисти онҳоро оташ заданд. Дар натиҷа ду муҳоҷири тоҷик кушта ва як тани дигар захмӣ шуд. Мақомоти интизомии Ирутск пас аз ин фоҷеа се муҳоҷирро, ки дар он вагон зиндагӣ мекарданд, боздошт кард. Ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия қабл аз оташ задани вагонҳои муҳоҷирон ин се нафар бо як гурӯҳи сокинони маҳаллаи Залар занозанӣ карда буданд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.