Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ба хабаргинорон гуфт, боздошти раиси бемористони Ибни Сино дар шаҳри Душанбе бо супориши вай сурат гирифтааст.
Имрӯз, 15-уми августи соли 2023, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабариаш ба хабарнигорон гуфт, Абдухалил Холиқзода, раиси бемористони Ибни Сино дар Тоҷикистон бо иттиҳоми “таҳқири намояндагони маҳалҳо” боздошт шудааст.
Додситони кулли Тоҷикистон дар бораи фаъолиятҳои адабии ин тоҷири муваффақи кишвар таъкид карда гуфт: “Ӯ фаъолияти худро ба таҳқири миллати тоҷик, ҷудо кардани минтақаҳои гуногуни мамлакат, таҳқири намояндагони маҳалҳо, барангехтани кинаву адоват, ҷудо кардан ба мазҳабҳо ва динҳои гуногун, ноорому ноамн намудани мамлакат равона намуда, дар китоби худ ҳамин масъалаҳоро навиштааст. Шахсан супориш додам, ки ин одамро ба ҳабс гиранд ва ӯ дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.“
Аммо раиси бемористони Ибни Сино дар оғози ҳамин китобаш мегӯяд: “Падидаи маҳалгароӣ зеҳни ҳар як фарди соҳибандешаро машғул медорад, зеро дар таърихи навини мо сабаби асосии бебандубориҳо низ ҳамин падида ба ҳисоб меравад. Умедворам, ҳоло, ки шароити мусоид фароҳам шуда ва ҷомеа ҳам асари асафбори ин падидаро таҷриба кардааст, бо кӯшиши зиёиён ва бахусус ҷавонон, ҷанбаи тафриқаандозии он коҳиш ёбад ва шояд рӯзе аз байн бурда шавад.” (Ҳаводиси рӯзгори ман, саҳ.-6)
Абдухалил Холиқзода, тоҷири шинохтаи тоҷик, моҳи марти соли ҷорӣ китоби дуввуми худро, ки дар шакли ҳикоя ва достонҳо таълиф шудааст, зери унвони “Ҳаводиси рӯзгори ман” бо ду хат, порсӣ ва крилӣ дар Тоҷикистон ва Эрон нашр кард.
Вай дар ин китоб дар бораи чӣ гуна сари қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки зодаи ҷабҳаи мавсум ба “Фронти халқӣ” буд, нақл карда, бурдҳо ва бештар дар бораи бархе сиёсатҳои ғалат ва бохтҳои ин ҳукумат, ки фасод дар тору пуди он решдор шудааст, нақл мекунад.
Раиси бемористони Ибни Сино, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро дар китобаш “дӯст ва бародари азиз” дониста чанд достоне низ аз забони онҳо, аз ҷумла достони “Нозанин ва қизилбош”-ро аз забони вазири корҳои дохилӣ, ки дар ҳузури раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шунида, нақл кардааст. Аммо пеш аз ин достон ривояти вазири корҳои дохилиро ҳам ба хонанда гуфта, ки бобои Рамазон Раҳимзода яке аз “ҷосус”-ҳои ҳукумати болшевикон дар замони истилои Бухоро дар ибтидои асри бист будааст…
Абдухалил Холиқзода дар китоби худ бо сароҳат ҳамагуна истилои сарзамин, моликият ва салби озодиҳои мардумро аз сӯи болшевикон, русҳо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва сипас дар бештар аз 30 соли ахир тавассути намояндагони ҷабҳаи “Фронти халқӣ”, ки ҳукуматдорони имрӯзаи Тоҷикистон меросбари онҳо мебошанд, маҳкум мекунад.
Вай ҷабҳаи “Фронти халиқӣ”-ро шӯравигароҳое медонад, ки бар зидди озодихоҳон дар Тоҷикистон дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бо ҳимояи ҳукуматҳои Русия ва Узбекистон қиём карданд. Дар ин китоб ҳамин шӯравигароҳоро, ки муқобили истиқлоли Ватан қиём карда буданд, сабабгори оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1992 медонад. Вай муътақид аст, ки тирҳои охири ин ҷанг баъд аз 30 сол дар тобистони соли 2022 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияи Рӯшон, Вамар ба синаҳои мардум зада шуд…
Омилҳо ва сабабҳои рушд ва тасеа наёфтани иқтисоди кишварро низ ин тоҷири шинохтаи кишвар дар Тоҷикистон ба бархе сиёсатҳои ғалати раҳбарон, набуди рақобатҳои солим дар бозорҳо, фасодҳои ирдорӣ ва ахлоқӣ, мавҷуд набудани адолати судӣ ва ба ноҳақ мусодира шудани моликияти соҳибкорон ва бозаргонони дохилӣ ва хориҷӣ медонад.
Биноан, хеле аз фаъолон ва огоҳони умури Тоҷикистон ҳам боздошти Абдухалил Холиқзода, раиси бемористони Ибни Синои Тоҷикистонро ба мисли дигар тоҷирони муваффақи кишвар ба монанди Маъруф Орифов, соҳиби супермаркетҳои “Орима”, Ҷурабек Охунов, молики ширкати хонасоз маъруф ба “Моварауннаҳр”, собиқи вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов, раҳбари ҳизби сабтином нашудаи “Тоҷикистони нав” ва молики чандин ширкатҳо ва Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати “Умед-88” дорои ангезаҳои сиёсӣ барои ибрози ақида ва мусодираи молу мулк ва тиҷоратҳои ӯ медонанд.
Гуфта мешавад, наздик ба се моҳ баъд аз нашри ин китоб бархе намояндагони Вазорати фарҳанг бо чопи чанд тақриз ба он вокуниш нишон дода, муллаифро “ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, мазҳабӣ, наҷодӣ” ва ғайра муттаҳам карда буданд. Бархе мавзӯъҳои дарҷшуда дар китоб барои беш аз 40 шабонарӯз рӯз мавриди баҳс ва баррасиҳои зиёде қарор гирифтанд.
Намояндагони Вазорати фарҳанг ҳам бештар вориди ин баҳс шуда буданд, аз ҳама бештар дар матолиби интиқодии худ овардани ҳикояи мавриди таҷовуз қарор гирифтани духтаре аз Ховалинг бо номи “Нозанин*” тавассути “қизлибош**”-е аз Афғонистон таҳқир ба сокинони як минтақа дониста, муаллифро маҳкум карданд, вале онҳо дар бораи вазири корҳои дохилӣ, соҳиби ин қисса, ки худаш зодаи ҳамон минтақа аст, ҳечгуна интиқоди тундеро раво надонистанд…
Бо ин ҳол, то замони нашри ин матлаб назари наздикону пайвандон ва ё адвокати Абдухалил Холиқзода, раиси бемористони Ибни Сино дар Тоҷикистон дар бораи ин иттиҳомоти Додситони кулли Тоҷикистон дар расонаҳо нашр нашудааст.
*Нозанин қаҳрамони як достони ин китоб аст. Духтаре зебо ва паричеҳра аз минтақаи Кӯлоб ва бахусус Ховалинг аст, ки аз болшевикҳо ҳамроҳи шавҳараш ба Афғонистон фирор карда, баъд аз мавриди таҷовуз қарор гирифтан аз ҷониби “қизилбош” тавассути шавҳараш кушта мешавад.
- **Қизилбош, ҳамон раиси маҳал ва ё деҳаест, ки Нозанин ҳамроҳи шавҳараш дар байни дигар муҳоҷирони фирорӣ аз дасти болшевикҳо дар он сӯи Омударё ба он ҷо панаҳ мебаранд ва баъд аз таҷовузҳои такрор ба такрор тавассути шавҳари Нозанин ба қатл расидааст.
Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda tv