Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ аз ҷузъиёти ҳодисаи тирпаронӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфт.
Ба гуфтаи Воҳидзода, рӯзи 31-уми январи соли ҷорӣ, дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд се маҳкумшуда, ки барои содир кардани ҷиноятҳои террористӣ-экстремистӣ ба муҳлати аз 12 то 14 соли зиндон маҳкум шуда буданд, дар ҳуҷраи гаштугузор ва баромад ба кормандони муассиса бо истифода аз предметҳои гуногун ҳамла кардааанд. Ҳамчунин ин се зиндонӣ як маҳкумшудаи дигарро, ки дар он ҷо қарор доштааст, латукӯб кардаанд.
Додситони кул изҳор дошт, ки маҳкумшудагон ба талабҳои кормандони муассиса барои қатъи амалҳои худ итоат накарда, муқобилият нишон додаанд ва ба ҷони кормандон хатари ҷиддӣ эҷод кардаанд, ки дар натиҷа аз ҷониби зиндонбонҳо “безарар гардонида”, яъне кушта шудаанд.
Воҳидзода таъкид кард, ки дар натиҷаи задухӯрд ягон корманди маҳбас кушта нашудааст, аммо бар асари муқобилият нишон додани маҳкумшудагон кормандон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Шумораи кормандони захмӣ мушаххас гуфта нашуд.
Ба иддаои Воҳидзода, ин афрод қаблан низ дар зиндон чандин бор низоми адои ҷазоро вайрон карда, бо қарори додгоҳ нисбати онҳо низоми маҳбасӣ муқаррар шуда буд ва ҳамлаварон барои интиқоли минбаъда муваққатан дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешуданд.
Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома доштааст.
Дурустии гуфтаҳои додситонро намешавад, аз ҷойи дигар тадиқ кард, чун рӯзи пеш вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён аз посух ба суол дар бораи ин ҳодиса худдорӣ кард.
Аммо пештар “Радиои Озодӣ” бо такя ба манобеи худ дар бораи ҳодисаи тирпаронӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфта буд, ки 31-уми январи соли ҷорӣ ҳашт маҳбус баъди паррондани як нигаҳбони Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд бо нияти фирор вориди нуқтаи ҳоил шуданд, аммо нигаҳбонони дигар ба тарафи онҳо тир андохта, се маҳбусро мекушанд ва агар ин зиндониҳо аз нуқтаи ҳоил мегузаштанд, дигар як дарвозаи баромад буд ва метавонистанд гурезанд.
Ҳамчунин манобеи ин расона аз идораи тандурустии вилояти Суғд гуфтааст, ки аз боздоштгоҳ се маҳбуси кушташуда ва як захмӣ ба муассисаи тиббӣ интиқол дода шудаанд.
