Додситонии кул сабаби зиндонӣ шудани Файзи Олиро шарҳ дод

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3-уми декабри соли ҷорӣ сабаби зиндонӣ шудани вакили дифоъ Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдашев)-ро бо нашри матлабе шарҳ дод.

Дар матлаби Додситонӣ гуфта мешавад, ки пас аз тафтиши ҶДММ “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила” масъулони он Ҳамроҳзода Шамсулло, Шамсуллозода Шукрулло ва Орипов Холмаҳмад бо иттиҳоми азхудкунии 4672,8 ҳазор сомонии маблағҳои ҷамъияти мазкур айбдор шуда, нисбати онҳо бо банди “б” қисми 4 моддаи 245 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Додситонӣ мегӯяд, Файзӣ Олии 74-сола аз 24 майи соли 2023 вакили дифои ин афрод интихоб шуда буд. Додгоҳи шаҳри Душанбе 7-уми марти соли 2024 ин се нафарро гунаҳкор дониста, маҳкум кард.

Зоҳиран пас аз маҳкум шудани ин се нафар, ки Файзи Олӣ вакили дифои онҳо буд ва дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят мекард, мушкилоташ оғоз шудааст.

Тавре Додситонӣ мегӯяд: “Ҳимоятгар Юлдашев Ф.Ш., бархилофи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвакатура ва фаъолияти адвакатҳо”, бо мақсади оворакунии мақомоти давлатӣ, қасосгирӣ ва дигар ниятҳо, бе огоҳии шахси ваколатдиҳандааш Ҳамроҳзода Ш., аз қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ ва ҳукми суд норозигӣ карда, ба Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои дохилӣ ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам хаттӣ муроҷиат карда, оиди гӯё аз ҷониби корманди прокуратура Холиқзода У. содир намудани ҷинояти вазнин, яъне бо роҳи тамаъҷӯӣ гирифтани пора ба миқдори 21000 сомонӣ, ревизори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ҷ.Ҷ. гирифани пора ба миқдори 50000 сомонӣ ва ҳимоятгар Саидова Ҳ.У. бо роҳи қаллобӣ гирифтани 20000 сомонӣ аз Ҳамроҳзода Ш. ва дигарон дидаю дониста хабари бардурӯғ расонидааст.”

Додситонии кулли кишвар менависад, ки иддаои Файзи Олӣ тасдиқи худро наёфт ва аз ҷониби мақомоти марбута рад шуд. Бино бар ин, аз сӯи Додситони кул алайҳи ин вакили дифои 74-сола бо банди “а” қисми 3 моддаи 346 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) парвандаи ҷиноӣ боз кард ва ниҳоятан Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 29-уми ноябри соли ҷорӣ ӯро барои 2,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Гуфта мешавад, Файзи Олӣ пас аз эълони ҳукм аз толори додгоҳ боздошт шуд ва то он замон ӯ дар озодӣ буд. Ҳанӯз маълум нест, ки ин вакили дифоъ аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурдааст ё на. Аммо 4 рӯз қабл аз боздошташ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “Ман бо розигии зерҳимояам ба прокурори генералӣ (додситони кул) муроҷиат кардам. На ба воситаи ахбор, на ба Интернет. Ба ҷойи он ки дар бораи мактуби ман санҷиш баранд, гуфтаҳои моро гирифтанду нисбат ба ман парванда кушоданд.”

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон вакилони дифоъ зиндонӣ мешаванд. Пештар Шуҳрат Қудратов, ки дар парвандаи Зайд Саидов ҳуқуқҳои ӯро дар додгоҳ ҳимоят мекард, зиндонӣ шуда буд. Ва баъдан Бузургмеҳр Ёров, ки соли 2016 аз ҳуқуқи аъзоёни ҲНИТ ҳимоят мекард, бо баҳонаҳои сохта аз ҷониби режими худкомаи Эмомалӣ барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуд ва ҳоло дар зиндон ба сар мебарад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.