25.9 C
Dushanbe

Ситоиши Сафири Аврупо аз домоди Раҳмон: “Ту як ситораи”

Ҳузури наздикони Эмомалӣ Раҳмон дар меҳмонии бо шукӯҳи Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон вокунишҳои зиёдеро дар сатҳҳои гуногун ба бор овардааст.

Хонум Марлен Ҷозефсон, Фиристодаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар поёни давраи дипломатияш меҳмонии бо шукӯҳе баргузор карда, дар он дипломатҳои муқими Душанбе, фаъолони ҷомеа ва сиёсатмадорону наздикони Эмомалӣ Раҳмон ба шумули Ҷамолиддин Нуралӣ даъват шуданд.

Ин шоми рақсу бозӣ ва меҳмонии бо шукӯҳи Намояндаи Аврупо вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар пай дошт ва дар ин матлаб ба онҳо хоҳем пардохт.

Хонум Марлен Ҷозефсон дар замоне сафир таъин шуд, ки режими Эмомалӣ Раҳмон машғули пружаи покосозиҳои сиёсӣ ва тақвияти пояҳои ҳукумати хонаводагияш қарор дошт ва маҳз дар 6-7 соли гузашта раванди хафақони сиёсӣ, саркӯби мухолифин, рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷараён дошт. Дар ин даврони бисёр душвор барои ҷомеаи Тоҷикистон, Парлумони Аврупо низ бетараф наистода ва барои маҳкуми саркӯбҳо ва боздоштҳои мухолифин дар солҳои 2016 ва 2022 ду қатънома содир кард.

Аммо дар навбати худ Намояндаи Иттиҳоди Аврупо ҳаргиз ин саркӯбҳоро маҳкум накард ва дар бораи нақзи ҳуқуқи башар ва саркӯби ақаллиятҳо боре ҳам изҳори назаре надошт ва бештар машғули баргузор намудани намоишгоҳи муди либос ва шомҳои рақсу бозӣ буд.

Дар идомаи вокунишҳо Эдвард Лемон, профессори донишгоҳ дар Вашингтон ва коршиноси Осиёи Марказӣ бо нашри матлабе дар Твиттер дар вокуниш ба шарҳи Сафири ИА чунин навиштааст:

“Чеҳраи хубе нест, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз домоди раисчумҳуре, ки дар пулшӯйӣ бо ҳаҷми калон ва фасоди молӣ барои нухбагони дуздсолор (элитаи дузд)-и ин кишвар муттаҳам аст, дар саросари ҷаҳон тамалуқҷӯи ва таърифу тамҷид мекунад.”

Таърифу тамҷиди Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз ҳукуматдорони ин кишвар, дар ҳолест, ки ҳамеша мақомоти он аз ҷониби созмонҳои ҳуқуқӣ барои боздошту зиндонӣ карданӣ рӯзноманигорн, сиёсиён ва фаъолони ҷомеа ва дар умум поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди интиқоди шадид қарор мегиранд.

Ҳамзамон расонаӣ шудани ин хабар дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст, охири моҳи сентябри соли ҷорӣ нишасти солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Лаҳистон доир шавад ва Тоҷикистон аз вазъи ҳуқуқи инсону озодиҳои он дар ин кишвар маълумот медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазорати маориф: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.