17.9 C
Dushanbe

Доналд Трамп ва ҳамсараш ба вируси COVID-19 гирифтор шуданд

Субҳи ҷумъа 2 октябр президенти ИМА Доналд Трамп дар саҳифат Твиттераш эълом кард, ки натиҷаи озмоиши ӯ ва ҳамсараш дар хусуси доштани COVID-19 мусбат баромадааст. Вай шоми панҷшанбе гуфта буд, ки яке аз ёварони асосии тими интихоботии ӯ Ҳоп Ҳикс, ки дар маъракаи интихоботӣ Трампро ҳамроҳӣ мекард, ба бемории корона мубтало шудааст. Ва ӯ бояд аз ташхис гузарад.

Вай дар сафҳаи Твиттери худ навишт: “Натиҷаи озмоиши бонуи аввал ва ман имшаб мусбат баромад. Мо раванди қарантина ва беҳбудиамонро фавран оғоз мекунем. Мо якҷоя инро ҳам паси сар хоҳем кард.” Пизишки Кохи Сафед пас аз эълони Трамп изҳор дошт, ки президенти ИМА дар ҳолати “хуб” қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, президенти Амрико иҷрои вазифаҳои худро идома медиҳад. Қарор аст Доналд Трамп ва ҳамсараш бемории худро дар Кохи Сафед гузаронанд.

Президенти ИМА Доналд Трамп дар ҳоле аз гирифторияш ба COVID-19 хабар медиҳад, ки дар авҷи маъракаи интихоботӣ қарор дорад ва барои бозгашт ба Кохи Сафед талош мекунад. Ӯ дар саҳифаи Твиттери худ қаблан аз ёвари тими маъракаи интихоботияш Ҳоп Ҳикс ситойиш намуда навишта буд, ки ӯ ба вируси COVID-19 гирифтор шудааст ва ӯ  марди хастанопазир буду беист кор мекард.

Ҳамзамон бонуи аввали ИМА Мелания Трамп ба ҳамин монанд дар Твиттер хабари натиҷаи мусбат будани озмоиши COVID-19-ро тасдиқ кард ва эълом дошт, ки ӯ дар хона қарантина шудааст ва ташрифоти ояндааш ба таъхир гузошта шудааст.

Доналд Трамп расиҷумҳури чилу панҷуми ИМА ба ҳисоб меравад ва яке аз президентҳоест, ки тасмимҳояш дар ҷомеаи Амрико ва ҷаҳон баҳсҳои зиёдеро барпо кардааст. Мебоист дар ин рӯзҳо ӯ бо номзади ҷумҳурихоҳон Ҷо Бойден мунозираҳои рӯ дар рӯ анҷом диҳад. Аммо Трамп гуфтааст маъракаҳои интихоботияшро идома медиҳад. Қарор аст 3-юми ноябри соли ҷорӣ интихоботи президентӣ дар Амрико баргузор бишавад.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад.

Вокуниши Шуъбаи маорифи Нуробод ба латтукӯби муаллим дар ин ноҳия

Пас аз тақрибан ду ҳафтаи латтукӯби Раҳмонов Муҳимҷон дар Нуробод, масъулини Шуъбаи маорифи ноҳия ба хабаргирии ин омӯзгор рафтанд.

Таваллуд дар Душанбе ва Бадахшон коҳиш ёфтааст

Ба иттилои мақомоти расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Оғози “рейд”-ҳои навбатӣ бар зидди муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград ва Оренбург барои ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират "рейд"-ҳои нав оғоз карданд.