Донишманди тоҷик Абдушариф Боқизода даргузашт

Имрӯз, 26-уми сентябр донишманди тоҷик ва муаллифи китоби “Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ” Абдушариф Боқизода дар 60-солагӣ аз олам даргузашт.

Соате пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби бархе корбарон матолибе нашр шуд, ки аз даргузашти ин донишманд тоҷик хабар додаанд. Ҳамзамон маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”-и Кумитаи дини Тоҷикистон низ бо нашри паёми кӯтоҳе даргузашти Боқизодаро таслият гуфтааст.

То ҳол сабаби даргузашт ва замону макони ҷаноза ва дафни Абдушариф Боқизода дар расонаҳо нашр нашудааст.

Абдушариф Боқизода ҳамчун донишманд ва олими динӣ дар давоми 60 соли умри худ хидматҳои нотакрорео барои дину миллати тоҷик анҷом додааст. Аз ҷумла, китоби ӯ “Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ” китоби фиқҳии шомил аст, ки бо хатти крилӣ ва бо забони содда навишта шуда, ки барои ҳама дастрас аст.

Инчунин “Тафири навини Қуръони карим”, “Имоми Аъзам бузургмарди таърихи башарият”, “Ошноӣ бо Қуръон”, “Таърихи ислом” ва чандин китоби дигар аз заҳамоти арзандаи ин донишманд ба шумор мераванд.

Ҳайати эҷодии Azda TV даргузашти ин олим ва пажӯҳишгарро як талафоти бузург барои аҳли зиёи кишвар ва дар умум барои миллати тоҷик дониста, аз Худованди Мутаол ба наздикон, дӯстону шоигирдонаш сабру шикебоӣ хоҳон аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.