Душанбе мизбони нишасти Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот

Нишасти мавсум ба Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот бо ҳузури даҳҳо нафар аз собиқ раҳбарони Афғонистон, коршиносон ва рӯзноманигорон дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Имрӯз, 29-уми ноябри соли 2022, даҳумин нишасти Гуфтугӯҳои амнияти Ҳирот зери унвони “Низоми сиёсии фарогир: улгӯҳо ва нақшаи роҳ” дар пойтахти Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард.

Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дар расми ифтитоҳи ин нишаст суҳбат мекард, аз рушди нерӯҳои силоҳбадасти хориҷӣ дар шимоли Афғонистон интиқод карда, гуфт, ки Тоҷикистон хоҳони таъсиси ҳукумати ҳамашумул дар кишвари ҳамсояаш ҳаст, вале ӯ фаромӯш кардааст, ки дар кишвари худамон ҳукумат гурӯҳӣ ҳам не, балки то рафт ба хонаводагӣ шудан бештар майл дорад.

Ин нишасти бо ибтикори Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа ва Иниститути мутолеоти истротежики Афғонистон ва бо ҳузур беш аз 100 нафар собиқ раҳбарону мансабдорон фаъолони ҷомеаи мадании Афғонистон, коршиносон ва рӯзноманигорони Тоҷикистон ва дипломатҳои муқими Тоҷикистон баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, нишасти дурӯзаи Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот бори нахуст дар берун аз хоки Афғонистон баргузор мешавад ва Толибон ҳам то кунун дар бораи баргузории ин нишаст ба таври расмӣ вокунише аз худ нишон надодаанд.

Бо гузашти беш аз 15 моҳ суқути давлати пешин бо раҳбарии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон ва ҳузури Толибон дар Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон, то кунун ҳеч кишваре ҳукумати Амроти исломии онҳоро дар Кобул ба расмият нашинохтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.