Сарони кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон дар як суҳбати телефонӣ вазъи амнияти Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд. Акс: Интернет Дирӯз, 4-уми майи соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Узбекистон суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҷонибҳо масоили муҳим барои ҳар ду кишварро баррасӣ каданд. Ба гуфтаи сомонаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ҷонибҳо пас аз табрикоти иди […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Сарони кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон дар як суҳбати телефонӣ вазъи амнияти Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Акс: Интернет
Дирӯз, 4-уми майи соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Узбекистон суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҷонибҳо масоили муҳим барои ҳар ду кишварро баррасӣ каданд.
Ба гуфтаи сомонаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ҷонибҳо пас аз табрикоти иди Фитр бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва боз ҳам тақвият додани муносибатҳо изҳори итминон карданд.
Ба иттилои манбаъ, “дар идомаи суҳбат роҳбарони Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, минҷумла вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд.”
Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо ҳамтои эронии худ Иброҳим Раисӣ вазъи амнияти минтақа ва бахусус ҳамсояҳои Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода буд.
Гуфтанист, Тоҷикистону Узбекистон, Туркманистону Эрон ва Покистон кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дониста мешаванд, ки бо сари қудрат омадани Толибон дар ин кишвар борҳо эълон кардаанд, ки хатарҳое аз хоки Афғонистон амнияти онҳоро таҳдид мекунад. Ахиран кишварҳои Покистону Эрон ва Узбекистон ҳам аз хоки Афғонистон мавриди ҳамла қарор гирифта буданд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.