Душмани дирӯз дӯсти имрӯз. Баъди севуним соли даргирӣ валиаҳди Саудӣ амири Қатарро ба оғуш гирифт

Хабаргузории “Reuters” навишт, ки рӯзи сешанбе Созишнома барои ба эътидол овардани робитаҳо байни кишвари Қатар ва мамлакати Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои минтақаи Халиҷ ба имзо мерасад.

Имрӯз 5 январ дар назар аст, ки дар музофоти Ал-Ула дар шимолу ғарби Арабистони Саудӣ нишасти Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии халиҷи Форс баргузор шавад.

Вазирони умури хориҷии кишварҳои халиҷ изҳор доштаанд, ки ин нишаст ҳамчун як фурсати ҳалли ихтилоф бо Доҳа, ки беш аз сеюним сол идома дошт, хоҳад буд.

Вазири умури хориҷаи Кувайт Аҳмад Носир Ал-Сабоҳ қаблан эълом карда буд, ки Арабистони Саудӣ ва Қатар дар бораи боз кардани фазои ҳавоӣ ва марзҳои заминию баҳрии байни ду кишвар ба мувофиқа расидаанд. Кувайт ҳамчун миёнарав дар муноқишаи байни Доҳа ва ҳамсоягонаш дар минтақа нақш бозӣ кардааст.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Кувайт гуфтаанд, Амири Қатар ва Шоҳзода валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон “ба мувофиқа расиданд, ки пас аз нишаст дар Ал-Ула дар бораи ҳалли ҳама масъалаҳои даргирӣ созишнома ба имзо расонанд”.

Амруз амири Қатар, Шайх Тамим ибни Ҳамад Ал-Cонӣ ба фурудгоҳи Ал-Ула барои иштирок дар ҳамоиши 41-уми Халиҷи Форс фуруд омад. Расонаи арабӣ Алҷазира навишт, ки амири Қатарро дар фурудгоҳ шоҳзода валиаҳди Саудӣ Муҳаамад бин Салмон шахсан пешвоз гирифта ҳангоми вохурӣ онҳо якдигарро ба оғуш гирифтаанд.

Амири Кувайт Шайх Навоф Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ, валиаҳди Баҳрайн ва сарвазир, шоҳзода Салмон бин Ҳамад Ал Халифа, муовини сарвазир оид ба корҳои Девони Уммон Фаҳд бин Маҳмуд Ал Саид, ва Шайх Муҳаммад бин Рашид Ал-Мактум ноиби раиси Аморати Муттаҳидаи Араб низ барои ширкат дар нишасти Халиҷ ба фурудгоҳи Ал-Ула фуруд омадаанд.

“Reuters” аз қавли як манбаи расмии Миср навиштааст, ки вазири корҳои хориҷӣ ин кишвар Самеҳ Шукрӣ низ барои иштирок дар нишасти кишварҳои Халиҷ ба Арабистони Саудӣ рафт.

Бояд гуфт, ки аз тобистони соли 2017 танишҳои Қатар бо Арабистони Саудӣ, АМА, Баҳрайн ва Миср идома дорад. Ин чаҳор кишвар аз соли 2017 муносибатҳои дипломатиро бо Қатар қатъ карданд ва Доҳаро дар пуштибонӣ аз терроризм ва дахолат дар умури дохилиашон айбдор карданд. Ин кишварҳо ҳамкории иқтисодиро бо давлати Қатар қатъ карданд ва бо ин кишвар тамоми марзҳояшонро бастанд.

Пештар “Financial Times” бо истинод ба манбаъҳояш навишта буд, ки Арабистони Саудӣ талош дорад муноқишаи сесола бо Қатарро пеш аз ба кор шуруъ кардани раисҷумуҳри нави ИМА Ҷо Байден ба охир бирасонад.

Тавре ки “Financial Times” қайд кардааст, хоҳиши хотима додани муҳосираи Қатар ҳамчун кӯшиши шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон барои ба даст овардани илтифоти Байден арзёбӣ мешавад.

Дар навбати худ, Доҳа аз даъвоҳои додгоҳияш алайҳи ин кишварҳо даст мекашад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.