Нахуствазири Канада эълом кард, ки қасд дорад ҳамроҳи Фаронса моҳи сентябри соли ҷорӣ кишвари Фаластинро ба расмият бишиносад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан Фаронса ва Британия эълон карда буданд, ки ба расмият шинохтани Фаластин зарур аст ва барои ҳалли мушкилоти Ховари Миёна ҳамаи кишварҳо ин иқдомро бояд анҷом диҳанд.
Эълони ба расмият шинохтани давлати Фаластин ҳамчун кишвари мустақил аз ҷониби Канада шоми рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи аъзои ҳукумати ин кишвар, ки ба хотири баррасии вазъияти Ғазза баргузор шуд, сурат гирифтааст.
Нахуствазири Канада Марк Карни гуфта, ки ин тасмим баъд аз гуфтугӯи телефонӣ бо нахуствазири Британия Кир Стармер гирифта шудааст. Стармер низ рӯзи сешанбе эълон карда буд, ки агар Исроил барои поён додани вазъияти “ҳавлноки” Ғазза иқдоми ҷиддие накунад, кишвари Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт.
Баҳс бар сари ба расмият шинохтани кишвари Фаластин пас аз эълони Эмануэл Макрон, расиҷумҳури Фаронса, ки гуфт, қасд дорад Фаластинро дар моҳи сентябр ба расмият шиносад, сар зад.
Дар ҳамин ҳол вазирони корҳои хориҷии 15 кишвари дигар, аз ҷумла Финландия, Ирландия, Испания, Портулагия, Люксембург, Словения, Малта, Андора, Норвегия, Исландия, Австралия ва боз чанд кишвари дигар ба иқдоми Фаронса ҳамроҳ шуданд ва бо судури баёнияи муштарак аз тамоми кишварҳои ҷаҳон хостанд, ки барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин иқдом кунанд.
Ин тасмимот дар ҳоле гирифта мешавад, ки дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми июли соли ҷорӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзо баргузор гашт, эътирофи давлати Фаластин ҳамчун роҳҳалли низоъҳои минтақа дониста шуд. Дар ин нишаст аксари вазирони корҳои хориҷӣ ягона роҳҳалли мушкилот байни Исроилу Фаластинро дар эътирофи ду давлати ҷудогона донистанд.
Вазирони хориҷии кишварҳои аъзо, бахусус Фаронса ба Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод дод, ки Исроилро ба пои мизи музокира биёрад ва бо ҳар навъ фишоре ӯро маҷбур созад, ки роҳҳалли дукишвариро бипазирад.
Аммо Исроил то ҳанӯз ба ҳеч унвон қабул надорад, ки давлати Фаластин ба расмият шинохта шавад. Ҳамзамон Исроилу Амрико ин конфронси СММ-ро бойкот карданд. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико иддао карда, ки ин конфронс сабаби тӯлонӣ шудани ҷанг дар Ғазза мешавад ва ҲАМОС-ро қавитар мекунад.
Вазирони хориҷа дар нишасти мазкур таъкид карданд, ки бидуни дар назар гирифтани ояндаи Ғазза ва татбиқи роҳҳалҳои сиёсӣ наметавон ба фикри оташбаси пойдор дар ин борика буд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Исроил бо нашри баёнияе иқдоми кишвари Канада ва дигар кишварҳои барои ба расмият шинохтани Фаластин маҳкум карда, гуфтааст, ки “Тағйири мавзеи давлати Канада дар ин лаҳзаҳо ба ҲАМОС подош медиҳад ва талош барои дастёбӣ ба оташбас дар Ғазза ва озодсозии гаравгонҳоро тазъиф мекунад”.
Ёдовар мешавем, ки то кунун 147 кишвари ҷаҳон Фаластинро расман эътироф кардаанд. Аммо бархе кишварҳои ғарбӣ ҳамроҳ бо Амрико ва Исроил то ҳанӯз Фаластинро ба расмият нашинохтаанд.