6.9 C
Dushanbe

Эълони оташбас миёни ҲАМОС ва Исроил ва идомаи кушторҳо дар Ғазза

Шоми рӯзи 15-уми январ вазири корҳои хориҷии давлати Қатар эълон кард, ки ҷонибҳои ҲАМОС ва Исроил ба оташбас ва хотимаи ҷанг ба мувофиқа расиданд.

Қарор аст оташбас дар Ғазза ва поён додани ба ҷанге, ки 468 рӯз боз идома дорад, аз субҳи рӯзи якшанбе, 19-уми январ мавриди амал қарор гирад.

Аммо, ба иттилои расонаҳо, то мавриди амал қарор гирифтани оташбас Исроил аз фурсат истифода бурда, ҳамлаҳои худро дар тамоми манотиқи Ғазза шиддат бахшидааст. Танҳо аз субҳи имрӯз, (то лаҳзаи омода шудани ин хабар) дар пайи бомборонҳои Исроил беш аз 80 нафар ҷон бохта, ки аксарашонро занону кӯдакон ташкил медиҳанд ва инчунин шумори захмиён ба 200 нафар расидааст. Гуфта мешавад, Исроил маҳз ба манотиқи серодам ва паноҳгоҳҳои гурезагон, ки дишаб аз шунидани эълони оташбас шодӣ мекарданд, бомборон кардааст.

Созишномаи оташбас миёни ҲАМОС ва Исроил аз 3 марҳила иборат буда, ҳар марҳила 42 рӯзро дар бар мегирад. Марҳилаи аввал аз 5 бахш иборат аст:

1. Таваққуфи фаврии ҷанг;

2. Берун рафтани нерӯҳои исроилӣ аз Ғазза;

3. Ворид кардани кумакҳои башардӯстона то 600 комюн дар як рӯз;

4. Баргаштани оварагон ба хонаҳои худ ба шимоли Ғазза;

5. Озод намудани асирон аз ду ҷониб.

Гуфта мешавад, ҲАМОС дар 42 рӯзи аввал қисмате аз асирони амрикоӣ ва исроилиро озод мекунад ва дар баробари онҳо Исроил то 2500 ҳазор фаластиниро озод хоҳад кард, ки 250 нафарашон аз ҷумлаи маҳбусони якумра ҳастанд.

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар суханронии дирӯзааш гуфт, ки агар баъд аз 42 рӯзи аввал барои марҳилаи баъдӣ ҷонибҳо ба тавофуқе ҳам нарасанд, ҷанг оғоз намеёбад то ба хулосаи ниҳоӣ бирасанд.

Аммо дар Исроил ростгароҳои ифротии ҳукумати Натанёҳу, аз ҷумла вазири молияи ин кишвар Бетсалел Смотрич ва тарафдоронаш ба ин тавофуқот розӣ нестанд ва мегӯянд, ки пас аз гирифтани асирон то комилан аз байн бурдани ҲАМОС бояд ҷанг идома ёбад.

Ба назари коршиносон, ҲАМОС низ чунин рухдодро пешбинӣ кардааст ва бинобар ин, озодии асирон дар созишномаи оташбасро дар 3 марҳила тақсим карда, ки қисмати охирони он низомиёни асир ва шахсони баландрутбаи артиши Исроил ва инчунин ҷасадҳои асирони фавтида ҳастанд, ки бояд бо замонатҳои байналмилалӣ ва иҷозати сохтани Ғазза озод мешаванд. Ва Исроил низ ба ин банд ризоият додааст.

Баъд аз эълони расмии созимшномаи оташбас миёни ҲАМОС ва Исроил раҳбарони кишварҳои дахил, аз ҷумла раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико Доналд Трамп, раисҷумҳурии кунунии ин кишвар Ҷо Байден, масъулони Қатар ва дигар раҳбарони кишварҳо дар расонаҳо суҳбат карданд ва ин созишномаи оташбасро як дастоварди бузург номиданд. Аммо то ҳол Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил, ки пеш аз ин ба аксар бандҳои созишномаи оташбас мухолифат мекард, дар ин маврид дар расонаҳо суҳбат накардааст.

Ёдовар мешавем, ки Исроил пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба манотиқи ишғолшуда аз 7-уми октябри соли 2023 бомборонҳои шадиди худро болои мардуми Ғазза оғоз кард ва то кунун идома дорад. Мувофиқи маълумоти Вазорати беҳдошти Ғазза аз оғози бомборонҳои Исроил ба Навори Ғазза наздики 46 ҳазору 800 кас ҷон бохтаанд, ки аксарашон кӯдакону занон ва пиронсолон ҳастанд ва ҳудуди 110 ҳазору 500 нафари дигар захмӣ шудааст. Созмонҳои байналмилалӣ шароити кумакрасонии тиббӣ, беҳдоштӣ ва инсониро дар Ғазза тоқатфарсо мегӯянд ва мувофиқи гузориши онҳо, қариб ҳама бемористонҳо аз фаъолият бозмондааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Имзои санадҳои муҳим байни Тоҷикистону Эрон

Президентҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён чандин санади ҳамкориро ба имзо расондаанд.

Боздошти наболиғе, ки мехост бо корд ба як наврас ҳамла кунад

Кормандони Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз пешгирии як фоҷеаи маргбор дар ноҳияи Синои пойтахт хабар медиҳанд.

Тоҷикистон дар Эрон сармоягузорӣ мекунад

Мақомоти воломақоми Эрон аз тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистон хостанд, ки дар Чобаҳори ин кишвар сармоягузорӣ кунанд.

Тоҷикистон маркази логистикии бастабандӣ ва содироти маҳсулот месозад

Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд дар кишвар маркази логистикӣ барои бастабандӣ ва содироти маҳсулот месозанд.