10.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳон нонвойхонаеро дар Хуҷанд ифтитоҳ кард

Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумуҳури Тоҷикистон ду руз шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ифтитоҳи мағозаву ҳавз ва обкашу дигар иншооти хурду калон машғул аст.

Аз ҷумлаи иншооте, ки дирӯз 9-уми сентябр Рамҳонов ифтитоҳ кард, тибқи иттилои Хадамоти Президент, ин маркази савдо ва хидматрасонии “Амид” аст, ки дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд ҷойгир мебошад.

Раисҷумуҳур дар чорабинии ботантанае аз лавҳаи хотирвии мағоза парда бардошт. Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки Президент пас интиқодҳои зиёд қайчиашро, ки бо он лентаи рамзиро дар ифттитоҳи иншоот мебурид, бо бардоштани парда иваз кардааст.

Гуфта мешавад, “Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи шоиста аз 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ – роҳбари ширкати ватании “Амид” Саидамон Исомаддинов сохта шудааст.”

Бархе корбарон бо интиқод мегӯянд, ки президенти як кишвар бо як сафари пурхарҷ аз Душанбе ба вилояти Суғд меравад ва ин сафарро ба ҷои ислоҳи мушкилот ва камбудиҳо дар ифтитоҳи мағозаву ҳавзи моҳипарварӣ ва ингуна чизҳо мегузаронад. 

Дафтари матбуоти Президент низ хабар дода, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни ин сафар як ҳавзи моҳипарвариро дар дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт ифтитоҳ кард. Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, ин ҳавзи моҳипарварӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” тааллуқ дошта, он зиёда аз 300 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад.

Ҳамчунин дафтари матбуоти Президент хабар дод, ки раисҷумҳур дар ноҳияи Конибодом як пойгоҳи обкашии бо номи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ кард, ки гуфта мешавад, аз 2 хатти оби полезӣ иборат буда, об аз масофаи 9200 метр аз Баҳри тоҷик то заминҳои кишоварзӣ интиқол меёбад.

Аксари мунтақидони ҳукумат бар ин назаранд, ки сафарҳои раисҷумҳур ба шаҳру ноҳияҳои кишвар аз фаъолиятҳои намоишкорона иборат буда, он ободкориҳо, ки дар телевизионҳои давлатӣ нишон медиҳанд, пас аз рафтани ӯ тӯле накашида ба харобазор табдил меёбанд.

Ба назари онҳо, дар ҳар сафари Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо миллионҳо сомонӣ аз буҷети давлат, яъне аз ҷайби мардум масраф мешавад, бо ин хароҷоти зиёд президент корҳои намоиширо канор гузошта, даст ба корҳои ҷиддитаре бизанад, то зиндагии мардум беҳбуд биёбад, на ин ки кайфу сафо кунаду баргардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабси пешакии се иштирокчии занозании гурӯҳӣ дар Варшава

Додгоҳи ноҳияи Воляи шаҳри Варшаваи Лаҳистон се иштирокчии занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар назди яке аз нуқтаҳои сӯзишвориро барои семоҳӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Кумитаи тафтишотии Русия роҳҳои бекор кардани шаҳрвандиро меҷӯяд

Мақмоти Кумитаи тафтишотии Русия талош доранд, рӯйхати асосҳои бекор намудани шаҳрвандии Русия барои зодагони кишварҳои хориҷиро васеъ кунанд.

Боздошти як мақоми баланди ВКД бо иттиҳоми қаллобӣ

Як мақомдори баланди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамроҳи як ҳамкораш бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуданд.

Ҷангро Амрико шуруъ кард, аммо кӣ онро хотима медиҳад?

Раҳбари Инқилоби исломии Эрон тайи ҳамлаи мушакии муштараки Амрико ва Исроил ба ин кишвар кушта шуд.