Эмомалӣ Раҳмон дар куҷост?

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон беш аз 10 рӯз мешавад, ки аз саҳнаи сиёсии кишвар ғайб задааст.

Сомонаи расмии

Бо гузашти 11 рӯз аз ғайб задани Эмомалӣ Раҳмон аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳанӯз ҳеч хабаре дар бораи дар куҷо қарор доштанаш нашр нашудааст. То рӯзи 7-уми август ҳамарӯза дар сомонаҳои ҳукуматӣ аз корҳо ва сафарҳои ӯ гузориш дода мешуд.

Ғайб задани Эмомалӣ Раҳмон аз саҳyаи сиёсии Тоҷикистон пеш аз ин ҳам чанд маротибаи дигар сурат гирифта, сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда буд. Он замон тахминҳо гуногун буданд. Гурӯҳе ба ин назар буданд, ки раисҷумҳур дар кома қарор дорад, гурӯҳи дигар мутмаин буданд кайҳо ҷон додааст. Гурӯҳи саввум тахмин зада буданд, ки Раҳмон барои табобат ба хориҷ рафта буд. Ҳамчунин қисми дигари мардум бар ин назар буданд, ки ӯ ба куҷое ба истироҳат ё тибқи одатҳои пешина  “запой” (мастии дуру дароз) рафта буд.

Баъд аз нашри чунин хабарҳо одатан расонаҳои ҳукуматӣ дар ҳол аз сафари корӣ ва ё маҷлисе бо ҳузури раисҷумҳур хабар медоданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз замони ба сари қудрат расидан дар соли 1992 то имрӯз дар муддати 29 сол расман ба рухсатии меҳнатӣ нарафтааст.  

Зангҳои пайвастаи мо ба Хадамоти матбуотӣ ва дастгоҳи Президент барои муайян намудани дар куҷо қарор доштани Эмомалӣ Раҳмон бе натиҷа монд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.