Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба сарфакорӣ даъват кардааст

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон дар паёми табрикоти идонааш аз мардум хостааст, ки “сарфаю сариштакор” бошанд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Субҳи имрӯз, 8-уми июли соли 2022, Эмомали Раҳмон дар паёми табрикотии идонааш ба мардум гуфтааст, “таъкид менамоям, ки ҳар як оила бояд дар фикри омодагии ҳарчи беҳтар ба мавсими тирамоҳу зимистон бошад ва талаботи қонуни танзимро ба таври қатъӣ риоя намояд.”

Президенти Тоҷикистон бар хилофи солҳои пешин, ки ба навъе қурбонӣ карданро дар ин рӯзҳои ид тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” маҳдуд мекард, имсол гуфтааст, ки “дар рӯзи ид шахсони дорои имконияти моддӣ дар роҳи Худо қурбонӣ мекунанд.”

Акс аз сомонаи Радиои Озодӣ

Президенти Тоҷикистон дар ин паёми худ меафзояд: “Бовар дорам, ки дар рӯзҳои таҷлили иди Қурбон – ин ойини дастгирии ҳамдигарӣ, сабру таҳаммул ва хайру эҳсон – ҳамватанони мо ба ҷойи сарфу хароҷоти беҳуда ва зоҳирпарастиву худнамоӣ ба хотири расонидани кумак ба ҳамдиёрони ниёзманд, ятимону маъюбон, дастгирии оилаҳои камбизоат ва ободонии Ватан иқдомоти хайру савобро анҷом медиҳанд.”

Аммо ин таъкидҳо ва даъватҳои Эмомалӣ Раҳмон дар замоне садо додааст, ки ҳанӯз 10 рӯз пеш худи ӯ дар вақти сафари раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон садҳо килло мававу сабзавотҳои мухталифро барои худнамоӣ дар саҳну долонҳои бустонсарои ҳукуматӣ пеши пойи Владимир Путин ба намоиш гузошта буд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Исрофкории аз ҳад зиёд ва худнамоии беҳамтои Эмомалӣ Раҳмон дар назди Владимир Путин аз як сӯ то ҳол мавҷи қаҳру ғазаб ва нафрини корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоиро фурӯкаш накардааст ва аз сӯи дигар ин рафторҳои нобихрадона боиси шармандангӣ барои як миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ шудааст.

Аз ҷониби дигар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сафари беш аз 5 ҳазор зоири тоҷикистонӣ барои анҷоми фаризаи Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ ҳеч ишорае накардааст, вале бо овардани ду байт аз шоире, ки гуфтааст:                                   “Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Каъба бунёди Халили озар аст,
Дил назаргоҳи Ҷалили акбар аст.”,
талош кардааст, ки аз ҳурмат ва азамати ин фаризаи Илоҳӣ бикоҳад.

Акс аз саҳфаи фейсбукии сухангӯи Кумитаи дин

Гуфтанист, даъватҳо ва таъкидҳои Эмомалӣ Раҳмон ва тарс додани мардум аз  ин ки мегӯяд, “27 кишвари дунё ба хатари гуруснагӣ рӯбарӯ” ҳастанд” замоне таъсиргузор хоҳанд буд, ки худи ӯ ва ҳукуматаш дар робита ба дороиҳои давлатӣ “сарфаю сариштакор” ва намунаи ибрат барои дигарон бошанд ва на он ки бо беҳуда сарфу харҷ кардани миллионҳо сомонӣ дар ҷашну маросим нафрати мардумро ба вуҷуд биоранд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.