Хабар УМУМӢ

Фармони нави Раҳмон дар бораи даъвати ҳарбӣ. “Облава” шиддат мегирад?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4-уми март бо судури фармоне ба мақомоти КДАМ ва ВКД дастур додааст, барои даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳарбӣ даст ба кор шаванд. Акс: Интернет Мувофиқи фармони нави Раҳмон сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро ба охир расондаанд, аз моҳҳои апрел-майи соли 2022 ба хонаҳои худ рухсат мешаванд. […]

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4-уми март бо судури фармоне ба мақомоти КДАМ ва ВКД дастур додааст, барои даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳарбӣ даст ба кор шаванд.

Акс: Интернет

Мувофиқи фармони нави Раҳмон сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро ба охир расондаанд, аз моҳҳои апрел-майи соли 2022 ба хонаҳои худ рухсат мешаванд. Ва ҳамчунин дар моҳҳои апрел-май ҷавонони ҷинси мард аз 18 то 27-сола барои адои хидмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар даъват карда мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар фармони худ дар баробари Вазорати мудофиа ва кормандони комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, инчунин ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохила ва раисони шаҳру ноҳияҳо низ дастур додааст то ҷавононро ба сафи артиш даъват кунанд.

Дар баробари ин, ба Вазорати фарҳанг барои инъикоси мавсими даъвати ҷавонон ба артиш вазифадор шудааст.

“Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намоянд.”, омадааст дар фармони Эмомалӣ Раҳмон.

Мавзӯъҳои марбут

Cookies preferences

✕

Others

Other uncategorized cookies are those that are being analyzed and have not been classified into a category as yet.

Necessary

Necessary
Necessary cookies are absolutely essential for the website to function properly. These cookies ensure basic functionalities and security features of the website, anonymously.

Advertisement

Advertisement cookies are used to provide visitors with relevant ads and marketing campaigns. These cookies track visitors across websites and collect information to provide customized ads.

Analytics

Analytical cookies are used to understand how visitors interact with the website. These cookies help provide information on metrics the number of visitors, bounce rate, traffic source, etc.

Functional

Functional cookies help to perform certain functionalities like sharing the content of the website on social media platforms, collect feedbacks, and other third-party features.

Performance

Performance cookies are used to understand and analyze the key performance indexes of the website which helps in delivering a better user experience for the visitors.