5.9 C
Dushanbe

Фаъолони тоҷик хостори интиқоли Файзуллоҳ Ҷалол ба Тоҷикистон шуданд

Толибон пас аз 4 рӯзи боздошт зери фишори ҷомеаи маданӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар Файзуллоҳ Ҷалол, устоди Донишгоҳи Кобулро озод карданд.

Гурӯҳе аз фаъолони Тоҷикистон, ки пас аз боздошти Файзуллоҳ Ҷалол, устоди Донишгоҳи Кобул ба шиддат аз Толибон интиқод мекарданд, акнун хостори интиқоли ӯ ба Тоҷикистон шудаанд.

Файзуллоҳ Ҷалол, устоди Донишгоҳи Кобул рӯзи 8-уми январ “бо иттиҳоми таҳрики мардум алайҳи низом”-и Толибон тавассути нерӯҳои амниятӣ аз хонааш дар пойтахти Афғонистон боздошт ва пас аз 4 рӯз, 11-уми январ аз банди Толибон озод шуд.

Дуктур Меҳмоншоҳ Шарифзода пас аз табрикоти худ дар бораи озодии ӯ гуфтааст: “бешак, имрӯз дар ҳар ду сӯи Ому барои говро гусола гуфтан зиндонӣ хоҳӣ шуд, вале Толибон бо озод кардани устод Ҷалол ба диктатор-демокротҳои ин сӯи Омӯ, ки мардуми худро ҷинояткор гуфта зери фишору террор нигоҳ доштаанд, дарси хубе доданд.”

Дар замони боздошти Файзуллоҳ Ҷалол ҷомеаи мадании Афғонистон бо ҳузури занону мардон иқдомҳои мухталиферо барои озод кардани ӯ роҳандозӣ карданд. Даҳҳо нафар аз тоҷикони ин сӯи Омӯ низ бо нашри матолиби мухталиф дар бораи боздошти Файзуллоҳ Ҷалол хостори озодии вай шуданд.

Аммо акнун бархе аз фаъолони мадании тоҷик аз ҳукумати кишвар мехоҳанд, ки роҳҳои қонунии интиқоли Файзуллоҳ Ҷалол, устоди Донишгоҳи Кобул ва яке аз мунаққидони Толибонро ба Тоҷикистон фароҳам кунад, зеро ҳар лаҳза метавонад дар давлати Толибон дар оянда ҷони ӯ ба хатар мувоҷеҳ шавад.

Файзуллоҳ Ҷалол, устоди ҳуқуқи Донишгоҳи Кобул ва як тан тоҷикони зодаи вулусволии Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон аст. Вай узви Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон бо раҳбарии Салоҳиддин Раббонӣ, фарзанди марҳум Бурҳониддин Раббонӣ буда, “рисолаҳои магистриву доктории худро дар Тоҷикистон дифоъ кардааст.”

Файзуллоҳ Ҷалол дар замони ҳукуматҳои Ашраф Ғанӣ ва Ҳомид Карзай ҳам аз хеле аз сиёсатҳои давлатдории онҳо низ дар Афғонистон бо шиддат интиқод мекард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Консулгарии Толибон дар шаҳри Хоруғ баста шуд

Бино ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ, консулгарии Толибон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон баста шудааст.

Як паноҳҷӯ аз Фаронса ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шуд

Паноҳҷӯи тоҷик Парвиз Зоиров, ки моҳи октябри соли ҷорӣ аз Фаронса ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, ба 13 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба сабаби туман парвозҳо аз фурӯдгоҳи Душанбе боздошта шуданд

Парвози ҳавопаймоҳо дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири номусоид будани обу ҳаво муваққатан боздошта шуданд.

Шуҳадои маъсуми ҳиҷрат

Оё қотили Қобилҷон бо ҷурми "нажодпарастӣ" маҳкум мешавад ё мисли қотилони қаблӣ ин ҷумрро аз парвандаи ӯ пок мекунанд?