26.2 C
Dushanbe

Фарзандони муҳоҷирон ба имтиҳони забони русӣ роҳ дода нашуданд

Мақомоти Русия аксар фарзандони муҳоҷиронро ба имтиҳони забони русӣ барои шомил шудан ба мактабҳои ин кишвар роҳ надодаанд.

Бино ба иттилои раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин, аз миёни 1762 кӯдаки муҳоҷир, ки барои супоридани имтиҳони забони русӣ ба хотири дохил шудан ба мактабҳои Русия худро номнавис карданд, танҳо 335 нафар иҷозати иштирок дар имтиҳонро гирифтанд. Ба иддаои ӯ ба беш аз 81% онҳо бо сабаби нодуруст ё қалбакӣ будани маълумот дар ҳуҷҷатҳояшон, иҷозаи иштирокро надодаанд.

Бо вуҷуди бе ин ҳам кам роҳ ёфтан, танҳо 44 нафар ба даҳ нуқтаи имтиҳонгирӣ рафта, 27 нафарашон тавонистанд имтиҳонро бомуваффақият супоранд.

Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин мегӯяд, ки ин натиҷаҳо самаранок будани талаботи навро нишон медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2024 ба ин сӯ дар Думаи давлатии Русия беш аз 15 қонуни марбут ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ қабул шуда, аллакай ба иҷро даромадаанд, ки шароити вазинин муҳоҷиронро боз ҳам вазнинтар карда истодаанд.

Аз ҷумла, тибқи яке аз қонунҳо, ки онро раисҷумури Русия Владимир Путин дар моҳи декабри соли 2024 тасвиб карда буд, фарзандони муҳоҷирон танҳо дар сурате ба мактаб қабул карда мешаванд, ки будубоши онҳо дар Русия қонунӣ бошад ва сатҳи дониши забони русии онҳо тавассути имтиҳон тасдиқ гардад.

Аммо коршиносони соҳаи таълим ва таҳлилгарон аз ин қонун интиқод карда, ҳушдор дода буданд, ки он боиси дур мондани наврасон аз таълиму тарбия ва наздик шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ мегардад.

Бо вуҷуди ин ҳушдорҳо раиси Дума Володин назорат аз болои татбиқи ин қонунҳоро муҳим дониста, мегӯяд, ки дар ҳолати зарурӣ ба онҳо ислоҳоти иловагӣ ворид карда мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Тоҷикистон дигар барои “лайк” зиндонӣ намекунанд?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонунеро имзо кард, ки ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гузоштани “писанд”-у “бознашр”-ро бекор мекунад.

Таҳримҳои Сурия бардошта шуд. Трамп аз Шаръ чӣ хост?

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия рӯзи чоршанбе, 14-уми май дар Риёз пойтахти Арабистони Саудӣ бо раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп мулоқот кард.

Сафари Трамп ба Риёз. Таваққоти Риёз ва умедҳои минтақа

Дар пасманзари сафари раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба Арабистони Саудӣ таҳлилгарон аз таваққуоти Риёз, умедҳо ва натоиҷи ин сафар гуфтугӯ доранд.

Боздошти як афсар бо иттиҳоми қаллобӣ

Мақомоти Тоҷикистон як афсари Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи кишварро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.