Фаврӣ! Даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Имрӯз 29 апрел байни сокинони ҳаммарзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирии шадиди мусаллаҳона сурат гирифт. Сокинони шаҳри Исфара бо ирсоли наворҳо ба “Аздо тв” гуфтанд, дар марз тирпарронии шадид байни ду тараф ҷараён дорад.

Дар наворҳои ирсолшуда, садои тир бараъло шунида мешавад. Шахсоне, ки дар навор дида мешаванд, зоҳиран марзбононанд, чун силоҳ дар дасташон аст. Онҳо мегӯянд, дар ҳолати ҷанг қарор доранд ва аз ватан дифоъ мекунанд.

Як манбаъ ба “Аздо тв” айни ҳол гуфт, чанд сарбози тоҷик ҷон бохтааст. Ба гуфтаи ӯ, Хоҷа Аъло дар дасти қирғизҳо қарор гирифтааст. Аз гуфтаи ҳамсуҳбатони мо вазъият дар марз чандон хуб нест.

Як манбаи дигар ба “Аздо тв” гуфт, айни ҳол ҷанг дар Врух ҳам оғоз шудааст.

Аммо шарҳи расмии мақомоти ду тараф дар ин маврид то ҳол нашр нашудааст. Пештар КАДМ-и Тоҷикистон гуфт, ки ҷониби Қирғизистон бар сари сарҳадбонони тоҷик силоҳ кушоданд. Аммо мақомоти қирғиз инро рад мекунанд.

Ҷониби Қирғизистон хабар дод, ки муовини КДАМ-и ин кишвар Уралбек Шаршеев ва вазири ҳолатҳои фавқулодда Бообек Аҷикеев дар марз ҳузур доранд. Ҳамчунин баъзе аз масъулони шаҳри Исфара ва сардори ВКД-и вилояти Суғд генрел Абдулло Навҷувонов низ дар марз ҳузур доранд ва талош доранд вазъро ором кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.