Субҳи имрӯз садои тиру тӯп дар Ворух шунида шуд ва сокинони маҳаллиро дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд нигарон кард.
Акс: ИнтернетБархе
Ба гуфтаи Азия Плюс, “дар изҳороти Хадамоти сарҳадбонии КДАМ-и Қирғизистон гуфта мешавад, ки “тахминан соатҳои 6-и субҳ ҷониби Тоҷикистон ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар минтақаҳои Эки-Тош, Чир-Добо, Қум-Мазор ва Орто-Боз оташ кушоданд. Соати 6:30 ҷониби Тоҷикистон ба гулӯлаборони қитъаи сарҳадии дидбонгоҳи “Кӯк-тош”-и отряди сарҳадии Баткент оғоз намуд. Соати 7:15 низомиёни тоҷик ба самти дидбонгоҳи сарҳадии «Самарқандак» оташ кушоданд”. Гуфта мешавад, дар даргириҳои имрӯз то кунун аз захмӣ шудани чор нафар аз ҷониби Қириғистон иттилоъ дода шудааст, аз тарафи Тоҷикистон ҳам аз захмӣ шудани чанд кӯдак хабар медиҳанд, вале аз ҷониби мақомот расман ҳеч иттилое дар ин бора то ҳол нашр нашудааст.