Фирориёни зиндонии Доғистонро боздошт карданд

Вазорати корҳои дохилии Доғистон хабар дод, ки нерӯҳои интизомии ин кишвар рӯзи 30 сентябр 6 нафар маҳбусе, ки аз зиндони №2-и Доғистон фирор карда буданд, дастгир карданд.

Гуфта мешавад ин зиндониёни фирорӣ пас аз як ҳафтаи фирор дар ҳудуди ноҳияи бо Доғистон ҳаммарзи Лагани Қалмиқистон дастгир шудаанд.

Пештар Вазорати корҳои дохилии Доғистон хабар дода буд, ки шаби 23 сентябр 6 маҳбус тавассути нақбе, ки тӯли як сол канда шудааст, аз зиндони низомаш сахти №2 дар шаҳраки Шамхал дар канори Махачқалъа фирор карда буданд.

Бино ба хабарҳои расида, фирориён мехостаанд тариқи Қазоқистон ба Тоҷикистон фирор кунанд. Хабаргузории “Sputnik” аз қавли сардори Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Доғистон, полковники милитсия Магомеднаби Одилхонов менависад:

“Мо тахмин мезанем, ки ҷинояткорон мехостанд Федератсияи Русияро тарк кунанд, ба Қазоқистон ва бо назардошти он, ки дар ин гурӯҳ ду шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд – минбаъд ба Тоҷикистон бираванд. Онҳо нақша доштанд, ки бо кадом роҳ шиносномаҳо ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба даст оранд, аммо нақшаҳои пешбиникардаашон амалӣ нашуд “.

Гуфта мешавад, аз ин зиндониёни фирорӣ ду нафарашон барои куштор ва 4 нафари дигар бо ҷурми қочоқи маводди мухаддир зиндонӣ шуда будаанд. Шомил Бойматови 29-сола аз ноҳияи Ёвон ва Маҳмадрасул Машрабов аз Душанбе дар Ҷумҳурии Қарачаю Черкес бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Дулан”-ҳои “соҳибдор” ва сокинони рӯ ба раҳми Худо

Марги чанд нафар дар асари як садама бинобар нуқси фаннӣ (техникӣ) фоҷеъаи табиӣ нест ва дар дилхоҳ кишвари мардумсолор зилзила бармеангезад.

Ду рӯзноманигори тоҷик баъди афв озод шуданд: яке ба соҳибкорӣ, дигаре ба табобат машғул мешавад

Ду рӯзноманигори тоҷик — Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода...

Мақомот: Муҳоҷирати корӣ 1,7 дарсад коҳиш ёфт, аммо шумораи расмии бекорон афзуд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали соли 2026 муҳоҷирати...

Аз курйерӣ дар Русия то асорат дар Украина – саргузашти як шаҳрванди Тоҷикистон

Навори муроҷиати шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Азимзода Давлат Одина, ки...