Freedom Now: Зиндониёни сиёсӣ фавран озод карда шаванд!

Созмони “Freedom Now” аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигар зиндониёни сиёсиро фавран озод кунанд.

Freedom Now, як созмони ҳуқуқии мустақар дар Вашингтон дар ҳисоби твиттерии худ аз раҳбарони зиндонии ҲНИТ ёдовар шуда навиштааст, ки “2600 рӯз пеш 13 раҳбари мухолифин, аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳаит дар чаҳорчӯби саркӯби густурдаи мақомоти Тоҷикистон боздошт шуданд. Онҳо бо шароити даҳшатноки зиндон рӯбарӯ шуданд, ки дар натиҷа ҳадди аққал як узви он кушта шуд. Мо даъват мекунем, ки онҳо фавран озод карда шаванд”.

Маҳмадалӣ Ҳаит ҳамроҳи дигар аъзоёни аршади ҲНИТ сентябри соли 2015 боздошт ва соли 2016 пушти дарҳои баста бо иттиҳомоти сохтаи мақомот ба ҳукми абад маҳкум карда шуд.

Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллаи Муттаҳид боздошти М.Ҳаитро худсарона ва ғайриқонунӣ дониста буд ва аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост кард, ки Маҳмадалӣ Ҳаитро бидуни қайду шарт аз зиндон раҳо кунад ва хисороти молӣ пардохт кунад.

Дар баробари Созмони Миллали Муттаҳид борҳо созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқи инсон аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буданд, ки Маҳмадалӣ Ҳаит ва зиндониёни сиёсии ҲНИТ, Гурӯҳи 24, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Маҳмадрӯзи Исканадаров ва дигар фаъолони сиёсиро фавран озод кунанд, аммо ин дархостҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд.

Манбаъ: yorov.org

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.