Афзоиши 40% гардиши молу тиҷорат байни Тоҷикистону Швейтсария

Дар Душанбе вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар бо намояндагони Швейтсария масъалаи ҳамкории тиҷоратӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 9-уми декабри соли ҷорӣ Завқӣ Завқизода вазири ин ниҳод бо Сафири Швейтсария дар Тоҷикистон, ки қароргоҳаш дар Остона аст, Давид Грихтинг мулоқот кард.

Гуфта мешавад, дар 10 моҳи соли 2022 ҳаҷми тиҷорати молу коло байни кишварҳои Тоҷикистону Швейтсария ба 285, 4 млн доллар расидааст, ки ин нишондиҳанда соли 2021 39,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

“Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муҳими низоми тиҷорат ва иқтисоди ҳарду кишвар, бахусус бамаротиб зиёд кардани гардиши савдо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима карданд.”, омадааст дар хабар.

Ҳамзамон дар ин нишаст ҷониби Тоҷикистон ба ҷониби Швейтсария пешниҳод намуда, ки ба лоиҳаҳои бузург ва стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла “таъсиси корхонаҳои муштараки нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулот аз алюминий, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ” сармоягузорӣ кунанд.

Ҳамзамон худи ҳамон рӯз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, ки мулоқоти Завқизода Завқӣ Амин бо Роҳбари ҳайти расмии Иттиҳоди Аврупо, Мушовири Директори генералии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо оид ба савдо хонум Эва Синоветс баргузор гардид.

Дар мулоқот бо намояндаи Аврпуо низ таъкид шуда, ки тиҷорати Тоҷикистон бо ИА дар 10 моҳи соли 2022 14,1 % афзоиш ёфт. Иттиҳоди Аврупо барои иҷрои ҳадафҳои рушди Тоҷикистон лоиҳаҳоро дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дастгирӣ менамояд.

Дар ин мулоқот хонум Эва Синоветс иброз дошта, ки масъалаи “яктарафа озод намудани пардохти боҷҳои гумрукӣ нисбати молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи Тоҷикистон”-ро муҳокимаҳо хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.