Гирдиҳамоии фаъолон ва даъвати бойкоти ширкатҳои “хонавода” дар пайи боздошти Иззат Амон

Имрӯз даҳҳо нафар аз фаъолони тоҷики муқими Олмон назди сафорати Тоҷикистон бо талаби озодии Иззат Амон бо шиори “Иззати моро озод кунед” гирдиҳамоӣ барпо карданд.

Иззат Амон, фаъоли сиёсӣ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон бино ба изҳороти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар рӯзи 27 март бо қарори Додгоҳи Тверской шаҳрвандияш лағв ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Пас аз он дар Душанбе аз ҷониби ин ниҳод боздошт шуд.

ВКД дар 26 март аз оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Иззат Амон бо моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ) хабар дода буд. Аммо вакили мудофеи Иззат Амон дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, нафареро, ки бо чунин ном додгоҳи Тверской шаҳрвандиашро бекор карда Изат Амон нест. Ба гуфтаи вакили дифоъ Кирилл Жаринов эҳтимолан ВКД-и Тоҷикистон маъуломтро дар вебгоҳи Додгоҳи Тверской дида ё чун мо фикр карданд ин шахс Иззат Амон аст ё бардуруғ онро ба Иззат рабт доданд”.

Аз он рӯз то кунун истирдоди ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон вокуниши зиёдеро дар байни муҳоҷирони тоҷик дар пай дошт. Муҳоҷирон ин амали маҳомти тоҷикро сахт зери танқид қарор доданд. Мақомоти Русия чанд рӯз пеш дар Маскав иддае аз муҳоҷиронро дар ҳамоишҳои ҷудогонае, ки дар назди сафорати Тоҷикстон доир карда ва озодии ӯро хоста буданд, боздошт кард, ки то ҳол сарнавишти баъзеяш норӯшан аст.

Ахиран раҳбари гуруҳе аз мухолифони тоҷик дар Аврупо Муҳиддин Кабирӣ ба қазияи Иззат Амон вокуниш нишон дод ва дар хитоби видиоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, гуфт, рабудани Иззат Амон хатои бузурге буд, ки режими Раҳмон содир кард ва ҳар гуна хотимаи ин қазия ба зарари режим хоҳад буд. Дар зимн, ӯ аз мардум даъват кард то ширкатҳои хонаводаи Раҳмонро таҳрим (бойкот) кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.