Гирифтани ҳаққи иқомат дар Русия душвор мешавад?

Пойгоҳи ягонаи ҳуқуқии Русия фармони Михаил Мишустин Сарвазири Русияро нашр кардааст, ки дида мешавад, шумораи бурсҳо барои дарёфти иҷозаи иқомати муваққатӣ ва ё “РВП” кам карда шудааст.

Дар фармони Мишустин дар бораи сабабҳои кам кардани бурсҳои иқомати муваққат барои хориҷиён дар Русия чизе гуфта нашудааст. Коршиносн яке аз сабабҳоро ба фасод олуда гардидани ин ниҳод унвон мекунанд.

Ба навиштаи Радио Озодӣ дар соли 2021 Русия барои дарёфти «РВП» барои хориҷиён ва афроди бе мақоми шаҳрванд беш аз 39,3 ҳазор бурс ҷудо   кардааст, ки нисбат ба соли гузашта 50 дар сад кам мебошад.

Гуфта мешавад, соли 2020 60,2 ҳазор ва ду сол қабл бошад 90,3 ҳазор квота ҷудо гардида буд.

Раҳматулло Мазориев узви Палатаи ҷамъиятии Перми Русия ба Радиои Озодӣ гуфтааст:

“Ин як раванди бисёр олуда ба фасод буд. Аксарият, мумкин 90 дарсад РВП-ро мехариданд. Бо воситаи даллолон, миёнравони намояндагии диаспораҳо мехариданд. Барои ҳамин ба президенти Русия шикоят рафт ва ин маълумотҳо дар дасти ӯ буд,  дастур додааст, ки РВП комилан аз байн бурда шавад.”

Коҳиши квота барои дарёфти ҳаққи иқомати муваққат дар Русия дар ҳолест, ки ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон саъй мекунанд аз ҳамин роҳ шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.

Мазориев гуфтааст:

“Тоҷиконе, ки мехоҳанд, шаҳрванди Русия шаванд, бениҳоят зиёданд. Аз ман ҳам зиёд мепурсанд, ки чӣ гуна осонтар шаҳрвандӣ бигирем, чӣ гуна ба ин ҷо кӯч бандем?”

Аз соли 1995 то ба имрӯз миёни Тоҷикистону Русия созишномаи шаҳрвандии дутарафа вуҷуд дорад.

Тибқи оморҳои интишоргардида, нуфусшумории соли 2010-и Русия нишон дода, ки 250 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Русия танҳо соли гузашта беш аз 44 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуданд, ки ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 122 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст. Дар даҳсолаи охир ин раванд ба шиддат авҷ гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ГӮШТИ ДАМИ ТӮП: ЗИНДОНИЁНИ ТОҶИКИ ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ, КИ ПУШТУ ПАНОҲЕ НАДОРАНД

Фарзандони тоҷик дар ҷанги бегонаву бемаънии Русия бар зидди Украина ҳамчун гӯшти дами тӯп истифода мешаванд…

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.