Гулмурод Ҳалимовро боз ба рӯйхати таҳримшудаҳо ворид карданд

Сурат: express-k.kz

Рӯзи 21 –уми октябр Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид номи Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷикро бори дигар ба феҳрасти такмилшудаи таҳримҳояш ворид кард.

Дар ним сол як маротиба ин феҳраст нав карда мешавад. Ба ин феҳрист номи шахсоне, ки бо созмонҳои террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ва “Ал-Қоида” робита доранд, сабт карда мешавад.

Дуввумбора ворид кардани номи фармондеҳи собиқи нерӯҳои вижаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарии имсолаи ниҳодаш гуфта буд, ки аз руйи иттилои доштаашон, Ҳалимов дар як амалиёт дар Сурия кушта шудааст.

То ба имрӯз мақомоти Тоҷикистон, аз сарнавишти полковники фирорӣ хабар надоранд. Таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид кишварҳои узви ин созмонро вазифадор мекунад, ба афроди шомили ин феҳраст силоҳ нафурӯшанд, суратҳисобу дороиҳояшонро масдуд кунанд ва ҳаққи вуруд ба қаламравашонро надиҳанд.

Дар шарҳи феҳрасти Шӯрои амнияти Созмони Милал макони охири зисти Гулмурод Ҳалимов Сурия нишон дода шудааст. Гулмурод Ҳалимов ягона шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки вориди ин рӯйхат шудааст. То кунун марги ӯро ҳеч кишваре пурра тасдиқ накардааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, низ гуфта буд, ҳарчанд хабари марги ӯро шоҳидон тасдиқ кардаанд, “то мурдаашро набинанд ва шахсияташ тасдиқ нашавад” ба ин иттилоъ бовар намекунанд.

Гулмурод Ҳалимов, соли 2015 ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ пайваст ва то ба сатҳи “вазири ҷанг”-и ин созмони террористӣ расид. Вазорати дифои Русия соли 2017 гуфта буд, ки Ҳалимов дар як ҳамла дар минтақаи Дайр-уз-Зури Сурия захмӣ шудааст.

Аз соли 2017 то ба имрӯз дар бораи захмӣ шудан ва ҳалокати ӯ дар Ироқу Сурия чанд дафъа гузоришҳои гуногун нашр гардиданд. То ба имрӯз мақомоти Тоҷикистон марги Гулмурод Ҳалимов собиқ фармондеҳи нерӯҳои вижаи Вазорати корҳои дохилиро расман тасдиқ накардааст.

Дар Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов ба “зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ” айбдор аст. Қаблан Амрико барои маълумоти арзишманд дар бораи макони ӯ 3 миллион доллар ваъда карда буд.

Додгоҳи вилояти Хатлон соли 2017 се нафар аз наздикони Гулмурод Ҳалимовро, ки дар пайи задухӯрд бо мақомоти қудратӣ дар ноҳияи Восеъ боздошт шуда буданд, мутаносибан аз 7 то 18-солӣ ба зиндон маҳкум карда буд.

Беҳрӯзи Гулмурод писари ӯ, соли гузашта дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат дар ошӯби хунин  кушта шуд, мақомот ҷасадашро бидуни нишон додан ба наздиконаш ба хок супурданд.

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон чанд соат пас аз ҳодиса ӯро сабабгори ошӯб дар зиндон муттаҳам карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.