Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ даргузашт

Акс аз: Sputnik / Амир Исаев

Бино ба гузориши Радиои Озодӣ имрӯз 13 августи соли 2020 Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва шоири халқии Тоҷикистон, дар 75-солагӣ дар бемористони “Истиқлол” аз олам даргузашт. Маросими дафни шоир фардо баргузор мешавад. Дар ин бора писари шоир, Дилписанд Келдиев ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Тибқи маълумоте, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи шогирдон ва наздикони шоир нашр шуда буд, номбурда ҳафтаи гузашта бо нишонаҳои гирифторӣ ба бемории вируси COVID-19 дар беморхонаи “Истиқлол” бистарӣ шуда буд. Худи ӯ рӯзи 4-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки зиёд сулфа мекунад. Рӯзҳои ахир зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ буд.

Суруди миллии имрӯзаи Тоҷикистон, ки бо номи “Диёри арҷуманди мо” сари забони ҳамагон аст, шеъри офаридаи Гулназар Келдӣ мебошад. Шеъри мазкур соли 1991 ба унвони “Суруди миллии Тоҷикистон” ҷойгузии шеъри Абулқосим Лоҳутӣ шуд.

Гулназар Келдӣ дар гузашта дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва нашрияҳои “Пайванд”, “Адабиёт ва Санъат” ва “Ваҳдат” ба ҳайси мудири шуъба ва сардабир кор кардааст. Аз соли 2005 то 2010 вакили Маҷлиси Намояндагон буд. Ӯ соли 2016 аз ҷониби Палатаи Аврупо (Evrochambres.org) бо дипломи «Diploma di Merito» ва медали Аврупо барои заҳматҳои илмию фарҳангияш қадрдонӣ шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.