17.9 C
Dushanbe

Ғурбатӣ низ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 18-уми июни соли ҷорӣ бо судури ҳукме Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори тоҷикро ба 2 моҳи ҳабси пешакӣ маҳкум кард.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Мақомот Абдуллоҳ Ғурбатиро ба он муттаҳам мекунанд, ки гӯё ӯ як корманди милисаро дар бинои ШВКД Шоҳмансур-1 латукӯб кардааст. Аммо Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои ӯ мегӯяд, худи Ғурбатӣ рӯзи боздошташ ва рӯзи мурофиа ин иттиҳомро рад кардааст.

Бо ин вуҷуд,  додрас гуфтаҳои Ғурбатиро ба назар нагирифта, бар асоси гуфтаҳои мақомоти тафтишотӣ, ки гӯё дар бораи ин рӯзноманигори тоҷик “баъзе маълумотҳо” доштаанд, ҳукми 2 моҳ ҳабси пешакиро содир кард.Ба банди Кодекси ҷиноие, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ гумонбар мешавад, ҷарима ва ё то ду соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Худи ҳамон рӯз Додгоҳи Шоҳмансур рӯзноманигор ва блогери машҳури тоҷик Далер Имомалиро низ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо “созмонҳи мамнуъ” барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта, парвандаашро махфӣ эълон карда буданд.  

Дар ҳоле, ки ӯ вақти боздошташ танҳо бар асоси моддаҳои 259 қисми 1 “фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ” ва 346 қисми 2 банди А “дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста мешуд.

Далери Имомалӣ

Паймони миллии Тоҷикистон ва ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудаанд, ҳама гуна ҳамкориро бо Далери Имомалӣ рад карданд.

Дар ҳоле мурофиаи ин ду рӯзноманигор дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки вакили дифоъ Абдураҳмон Шарипов ба пайвандонашон гуфта буд, ки мурофиаи дар Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Далери Имомалӣ рӯзи 15-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе бурда шуд. Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар ин рӯз аз сӯи масъулини Додситонии ноҳияи Шоҳмансур даъват ва баъдан боздошт шуд.

Бо гузашти 5 рӯз аз боздошти ин ду рӯзноманигори шинохта пайвандонашон онҳоро надидаанд ва маълум нест онҳо дар чӣ ҳолат қарор доранд.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ то рӯзи боздошташон барои фаъолиятҳои рӯзноманигориашон чанд маротиба аз ҷониби кормандони мақомомот мавриди пурсуҷӯ қарор гирифта, ҳатто Ғурбатӣ аз ҷониби “афроди номаълум” дар гузашта мавриди латту кӯб ҳам қарор гирифта буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду кушта ба ҷо гузошт

Шаби 17-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон даргирии мусаллаҳона сура гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Фарзанди Эмомалӣ унвони илмӣ гирифт

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони номзади илмҳои тиб гардидааст.

Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҳамкорӣ–2026" бомуваффақият анҷом ёфтанд.