Мэри Лаулори: Кори адвокатҳо дар Тоҷикистон хатарнок шудааст

Гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи ҳомиёни ҳуқуқ Мэри Лаулори мегӯяд, кор барои ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон аз замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳам тарсноктар шудааст.

Хонум Мэри Лаулори, ки рӯзи 9-уми декабр аз натиҷаи сафараш ба Тоҷикистон ва дидору гуфтугӯҳояш бо ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигорони зиндонӣ дар нишасти матбуотие гузориш дод, аз поймолшавии ҳуқуқи сокинон ва хусусан ба зиндон андохтани ҳомиёни ҳуқуқ аз мақомоти кишвар интиқод кард.

Ӯ мегӯяд, “Ҳукумат бояд эътироф намояд, ки мудофеони ҳуқуқи инсон душман нестанд, онҳо ҳамчунин барои ҷомеаи осоишта, адолатпарвар ва поквиҷдон талош мекунанд ва набояд бо экстремистҳо ва террористҳои воқеӣ алоқаманд карда шаванд.”

Хонум Мэри Лаулори ҳамчунин афзуд, ки вакилони мудофеи тоҷике, ки дар бораи парвандаҳои марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор мекунанд, зери фишори сахти КДАМ қарор доранд.

Ин гузоришгари СММ мегӯяд, фишору муттаҳам кардани вакилони дифоъ ба айбҳои терроризму экстремизм дар Тоҷикистон сабаб шуда, ки адвокатҳо аз ин касби худ даст бикашанд ва дигар дар ин соҳа фаъолият накунанд.

Ӯ ҳамзамон аз саркӯби ошкорои дигарандешон сахт нигаронӣ кард.

“Мулоқотҳои ман дар тӯли ин ду ҳафтаи гузашта нишон доданд, ки таъқиб ва саркӯби журналистони мустақил дар бораи мудофеони ҳуқуқи инсон кор мекунанд, дар соли 2016 оғоз шуда, пас аз ҳодисаҳои ВМКБ дар соли 2021 ба поинтарин нуқтаи худ расидааст. Ба гуфтаи шахсоне, ки ман бо онҳо вохӯрдам, кор кардан дар замони ҷанги шаҳрвнадӣ нисбат ба ҳоло осонтар буд.”, мегӯяд Мэри Лаулори.

Ёдовар мешавем, ки сафари Гузоришгари СММ хонум Мэри Лаулори ду ҳафта боз дар Тоҷикистон ҷараён дошт ва рӯзи 9-уми декабр ба поён расид. Ӯ дар поёни сафари худ пас аз дидору гуфтугӯҳо бо мақомоти кишвар ва журналистони зиндониву ҷомеаи шаҳрвандӣ, гузориши муфассале вобаста ба ҳуқуқи инсон, мудофеони ҳуқуқ, озодии баён ва ғайра омода карда, онро соли оянда дар СММ ироа хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.