Хайрулло Саидов: “Падарамро озод кунед”

Писарбузурги раҳбари Ҳизби сабтином нашудаи “Тоҷикистони нав” аз мақомоти кишвар хостааст, падарашро, ки “бар асоси ҳукуми замона, на ҳукми қонун” зиндон кардаанд, озод намоянд.

Имрӯз, 19-уми майи соли 2023, Хайрулло Саидов, писарбузурги Зайд Саидов, собиқ вазири саноати кишвар ва раҳбари Ҳизби сабтином нашудаи “Тоҷикистони нав”, ки 10 сол пеш дар ҳамин рӯз боздошт ва сипас ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон шуд, аз мақомоти кишвар хостааст, ки падарашро озод кунанд.

Хайрулло Саидов бо нашри як матлаб дар саҳфаи Фейсбукиаш гуфтааст: “Ин ҳиҷрону ин зиндон даҳсола шуд. Даҳ сол аз умри як инсон, ки бо “Тақозои замон” бегуноҳ дар зиндон мегузарад, сахттар аз ҷон коҳондан аст. Бале, таҳаммули туҳматҳои сохта кори саҳлу содае нест, тору пудатро месӯзад… Давои ин дарду ранҷ расидани ҳақ ба ҳақдор аст.”

Писарбузури Зайд Саидов дар идома таъкид мекунад: “Ин ки мегӯям, падари ман бегуноҳ зиндонӣ шудааст, яке аз далелҳоям ин аст: вақти баррасии парванда судя ваъда карда буд, ки холисона ҳукм содир мекунад. Аммо ҳангоме, ки далелҳову санадҳои падари ман ба эътибор гирифта нашуд ва судя ҳукми зиндон содир кард, падарам пурсид:

– Муҳтарам судя, қонун чӣ шуд, шумо ваъда кардед, ки аз рӯи қонун мебинед?

Судя посух дод:

– Зайд Шерович, худатон медонед, ки тақозои замон ҳамин будааст.

Саидов дар поёни ин матлаби нашр кардааш аз мақомоти кишвар хоста, ки падари ӯ Зайд Саидов ҷинояткор нест ва ӯро озод кунанд. Ӯ менависад: “Падари азизи ман, ки ҷинояткор нест ҳаққи дар озодӣ зиндагӣ карданро дорад. Ҳадди ақал тасмимгирандагони парвандаи падарам бо гузашти даҳ сол ин паҳлуҳои инсониро ба назари эътибор гиранд ё ҳеҷ набошад маълулият (падарам модарзод аз як даст маҳрум аст), бемории меъда ва пиронсолиашро ба назар гирифта, аз зиндон озодаш кунанд.

Гуфта мешавад, Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон то соли 2013, замоне ки аз таъсиси ҳизбе бо номи “Тоҷикистони нав” ва эълони ворид шудан ба сиёсатро накарда буд, яке аз тоҷирони муваффақи кишвар ва наздик ба ҳукумат буд.

Зайд Саидов, ки соли 2012 раҳбари Шӯрои анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон интихоб шуда буд, 6-уми апрели соли 2013 эълон кард, ки барои дубора баргаштан ба сиёсатҳои калони кишвар қасд дорад, “Ҳизби Тоҷикистони нав”-аш расман сабти ном кунад, ду рӯз баъд аз он 8-уми апрели ҳамон сол фишорҳои мақомот алайҳи ӯ оғоз шуданд.

Зайд Саидов то 19-уми майи соли 2013 – замони боздошт, узви Маҷлиси вакилони халқ дар шаҳри Душанбе буд ва пас аз он, ки мақомоти кишвар алайҳи ӯ расман парванда боз карданд, субҳи ҳамон рӯз вақте аз Порис бармегашт, тавассути кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз дохили ҳавопаймо дар шаҳри Душанбе боздошт гардид.

Мақомоти Тоҷикистон аз тарси он, ки мабодо ҷонибдорони ӯ аз асли қазия огоҳ шуда, сару садоҳоеро ба вуҷуд биоранд, тамоми мароҳили додгоҳии ӯро пушти дарҳои баста баргузор карданд ва то замони содир шудани ҳукми додгоҳ хеле аз дороиҳои ӯро ба нафъи давлат ва қисме дигареро ба ҷайби худ мусодира карданд ва сипас Зайд Саидовро – тавре писараш ҳам мегӯяд, бар асоси “ТАҚАЗОИ ЗАМОН” ба муддати 29 сол аз озодӣ маҳрум карда, пушти миллаҳои зиндон фиристоданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Думаи давлатӣ қонуни боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро қабул кард

Думаи давлатии Русия рӯзи 10-уми июн дар хониши дуюм ва сеюм, яъне ниҳоӣ қонунеро қабул намуд, ки мувофиқи он ҳаҷми боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон зиёд карда мешавад.

Беш аз 200 зани маҳбуси тоҷик аз Русия ба Ватан интиқол дода шаванд

Беш аз 200 зани шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, эҳтимол то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд.

Ронандаи ҷавон дар обанбори кони тиллои Шугнов ҷон бохт

Як корманди ҷавони корхонаи истихроҷи тилло дар ноҳияи Ховалинг бар асари ба обанбор афтодани мошини борбардораш ҷонашро аз даст дод.

Як ҷавони 18-сола дар Хатлон зиндонӣ шуд

Мақомот дар вилояти Хатлон як ҷавони 18-соларо бо иттиҳоми пайравӣ аз "Салафия" зиндонӣ карданд.