15.9 C
Dushanbe

“Хотираҳое аз Кохи сафед”, китобе, ки барои Трамп дарди сар сохт

Ахиран китоби то ҳол расман нашрнашудаи собиқ мушовири амнияти миллии Трамп, Ҷон Болтон сарусадоҳоеро дар ҷомеаи амирикоӣ ва байналмиллалӣ ба по кардааст.

Ҷон Болтон дар китоби худ бо номи “Хонае, ки ҳодиса рух дод: Хотираҳо аз Кохи сафед” аз асрори махфии Трамп ва алоқаҳои ғайридипломатии ӯ дар ин чанд соли президентияш парда бардоштааст. Аз ҳама нуқтаҳои ҷанҷолсозе, ки Болтон гуфтааст метавон дар чанд нуқта ишора намуд: 

  1. Трамп аз Чин хоста буд, ки дар интихобти навбиятии Амрико кумакаш кунад

Дар ин бора хабаргузории ВВС менависад, ки оқои Болтон дар китобаш аз гуфтугӯи Трамп бо Чин Сӣ Ҷинпин раисҷумҳури Чин, ки соли гузашта дар ҳошияи нишасти гурӯҳи 20-гона дар Ҷопон шуда гузашт, ишора мекунад, ки Раисҷумҳури Амрико “ба таври ғайри чашмдошт ва ғайри дмпломатӣ мавзӯи сӯҳбатро ба интихоботи Амрико тағйир дод, ба қувваи иқтисодии Чин ишора кард ва бо таманно аз оқои Чин Сӣ хост, ки ба пирӯзии ӯ кумак кунад”.

  1. Пешниҳоди кумаки шахсӣ ба диктаторҳо аз тарафи оқои Трамп.
  2. Ба Муҳаамад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ гуфт, агар дар қатли Хошуқҷӣ даст дорӣ ё надорӣ аз ту пуштибонӣ мекунем.
  3. Трамп намедонист, ки Бритониё аз ҷумлаи давлатҳоест, ки дорои қудрати атомӣ мебошад.
  4. Ҳатто аз ҷуғрофия огоҳӣ надошт ва намедонист, ки Финландя ҷузъи Расия нест.
  5. Қариб буд, ки бо сабаби нофаҳмияш аз Паймони Нато Амрикоро хориҷ кунад.
  6. Ҳатто муттаҳидонаш аз ӯ масхара мекунанд. Ба ин нуқта Болтон дар китобаш ишора намудааст, ки нишастҳои Кохи сафед бисёр ноком буд, ҳатто ҷаласоташ бештар ба “даъвоҳои бачагона” монанд буд аз он ки нишасти ҷиддӣ ва сиёсие бошанд. Ба гуфти Болтон ҳатто Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико, ки аз муттаҳидони Трамп ба шумор меравад, рӯи қоғазе навишта буд, ки раисҷумҳур “фақат суханҳои беҳуда мегӯяд”.

Болтон дар китобаш Трампро ба шиддат интиқод карда ба кордонӣ ва сиёсатмадор будани президенти Русия Владимир Путин баҳои баланд дода гуфтааст, ки президенти Русия дар симои Трамп “рақиби ҷиддӣ” намебинад ва “бо ӯ мисле, ки дар ғижжак бозӣ мекарда бошад”, муносибат мекунад.

Кохи Сафед гуфтааст, ки китоби Ҷон Болтон асрори махфиро фош ва амнияти миллиро таҳти хатар қарор медиҳад ва худи Трамп низ дар мусоҳибаҳояш бо расонаҳо Ҷон Болтонро ба “дурӯғгӯ будан ва қонунро поймол кардану асрори фавқулодда махфиро фош намудан” муттаҳам кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Занони ҷавони тоҷикро ба Русия барои танфурӯшӣ ҷалб мекард

Як зани 45-солаи тоҷик бо иттиҳоми фиреби ҷавондухтарон бо ваъдаи касби пул ва даъвати онҳо ба Русия барои танфурӯшӣ боздошт шуд.

Тағйироту ҷойивазкунии мақомдорон ва ғиёби Ятимов

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар вазорату идораҳои сохторҳои қудратӣ тағйирот анҷом дод.

Вазъи вахими Хушом Ғулом дар зиндон

Вазъи саломатии блогер ва зиндонии сиёсӣ Хушом Ғулом (Хушрӯз Ҷумъаев) дар маҳбас бад шуда, ба ҷарроҳӣ ниёз дорад.

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҷони 5 нафарро гирифт

Рӯзи гузашта дар пайи як ҳодисаи нохуши бархурди мошинҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 нафар ҷон бохтанд.