13.9 C
Dushanbe

HRW: ИА ва Туркия набояд дигарандешонро ба Тоҷикистон баргардонанд

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) рӯзи 16-уми апрел бо нашри баёнияе аз боздошту истирдоди фаъолону мухолифони тоҷик аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Туркия изҳори нигаронӣ кардааст.

Ин созмон гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон тайи даҳ соли охир талош дорад мухолифонашро ба кишвар баргардонад ва кишварҳое, ки ба қабули паноҳандагони сиёсӣ машғуланд набояд фаъолони тоҷикро ба кишварашон, ки онҳоро дар онҷо шиканҷа ва ҳабси тӯлонӣ таҳдид мекунад, ихроҷ кунанд.

Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари Дидбони Ҳуқуқи Башар дар ин баёния аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки шикори даҳсолаи худро дар хориҷи кишвар, бахусус болои онҳое, ки бо “Гурӯҳи 24” ва дигар гурӯҳҳои мухолиф иртибот доранд, хотима бахшад.

“Иттиҳоди Аврупо ва Туркия бояд фаъолони мухолифинро ҳимоя кунанд ва аз баргардонидани онҳо ба Тоҷикистон, кишваре, ки бо саркӯбҳои фаромиллӣ маъруф аст ва дар он ҷо онҳоро шиканҷа таҳдид мекунад, худдорӣ кунанд.”- мегӯяд ӯ.

Ҳамзамон ин созмон аз боздошти Сулаймон Давлатов, фаъоли сиёсӣ ва узви пешини “Гурӯҳи 24” дар рӯзи 5-уми апрел дар Вилнюс ва барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шудани ӯ, мисол овардааст.

Ба иддаои мақомоти Литва, ин фаъоли тоҷик гӯё бо ифротгароён тамос дошта, ба амнияти миллии ин кишвар хатар доштааст. Аммо худи Сулаймон, ки ҳамроҳи оилааш аз соли 2015 мақоми паноҳандагии Литваро дорад, мегӯяд, ӯ яке аз мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон буда, “пуштибони адолат, демократия, баробарӣ ва таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон” аст.

HRW аз мақомоти Литва хостааст, ки бояд ҳама гуна хатари истирдоди Давлатов ба Тоҷикистонро аз байн баранд ва мувофиқи ҳуқуқи мурофиаи одилона ба Давлатов ва вакили мудофеи ӯ дастрасии фаврӣ ба ҳама гуна далелҳое, ки барои исботи бегуноҳияш лозим аст, фароҳам оваранд.

Инчунин рӯзҳои 23-уми феврал ва 10-уми марти соли ҷорӣ узви аршади “Гурӯҳи 24” Насимҷон Шарифов ва раиси ин ҳаракати сиёсӣ Суҳроб Зафар дар Туркия нопадид шуданд, ки то ҳол макони нигоҳдории онҳо маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон ва Туркия низ дар ин бора чизе намегӯянд.

Аъзои “Гурӯҳи 24” ва пайвандони онҳо нигарон ҳастанд, ки шояд онҳо рабуда ва ба таври ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон бурда шудаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар дар баёнияаш инчунин аз хатари истирдоди бародари собиқ фаъоли “Гурӯҳи 24” Шабнам Худойдодова хабар додааст.

Гуфта мешавад, Додгоҳи Лаҳистон рӯзи 19-уми март Комрона Худойдодовро муваззаф кардааст, ки то 19-уми апрел ихтиёран Лаҳистонро тарк кунад ва дар акси ҳол ба Тоҷикистон ихроҷ мешавад.

HRW мегӯяд, ки баргардонидани Худойдодов ба Тоҷикистон ӯро зери хатари шиканҷа ё бадрафторӣ қарор медиҳад ва аз мақомоти Лаҳистон хостааст, ки уҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқии худро иҷро карда, Худойдодовро ба Тоҷикистон ихроҷ накунад.

Ин созмон дар баёнияаш гуфтааст, ки ба ҷуз Литва ва Лаҳистон, дигар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, аз қабили Австрия, Олмон ва Словакия паноҳҷӯёни тоҷикро бо вуҷуди далелҳои муътамад, ки дар зери хатари шиканҷа қарор доранд, ба Тоҷикистон бармегардонанд ва ё таҳдиди ихроҷи онҳоро доранд. Пас аз ворид шудан ба Тоҷикистон аксари ихроҷшудагон аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо зиндонӣ шудаанд.

Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва Конвенсияи Аврупо дар мавриди ҳуқуқи башар ихроҷ, баргардонидан ё истирдоди шахсро ба давлати дигар агар ба ӯ хатари шиканҷа таҳдид кунад, манъ мекунад ва ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин Туркия ҳарду Конвенсияро имзо кардаанд.

Сийнат Султоналиева аз Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар охири ин баёни гуфтааст, ки “кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Туркия бояд масъулиятҳои байнулмилалии худро дар бораи ҳуқуқи башар риоят кунанд. Аз ҷумла, дар бораи таслими одамоне, ки барои фаъолиятҳои сиёсӣ дар кишвари худ зери хатари шиканҷа ва таъқиб ҳастанд.”

Инчунин хонум Султоналиева аз ин кишварҳо хостааст, ки ҳолатҳои таъқиби фаромиллиро маҳкум кунанд ва ҳама гуна созишномаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳоеро, ки ба таъқиби мухолифон дар хориҷа машғуланд, дубора баррасӣ кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тасвиби созишномае, ки кори муҳоҷирони тоҷикро осон мекунад

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия дарёфт кунанд.

Пизишкиён: Баъзе давлатҳо аллакай барои миёнҷигарӣ иқдом карданд

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мегӯяд, ки бархе кишварҳо барои оғози гуфтугӯҳо дар мавриди оташбас иқдом кардаанд.

Дар Исроил коргари тоҷик пас аз паҳн шудани навораш боздошт шуд

Пулиси Исроил як тоҷики зодаи Узбекистонро, ки дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият мекард, пас аз паҳн шудани як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ дар Душанӣе баргузор шуд.