8.9 C
Dushanbe

HRW: Нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Соли 2025 дар Тоҷикистон мавқеи ҳизби ҳоким мустаҳкам гардида, фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва мухолифин зиёд шудааст. Мақомоти тоҷик ба таҳқиқи мустақили чандин ҳолатҳои пурсарусадои нақзи ҳуқуқи инсон иҷозат надоданд.

Тибқи гузориши Дидбони Ҳуқуқи башар бо номи “World Report 2026: Tajikistan” интихоби вакилон ба палатаи поёнии парлумон моҳи марти соли 2025 бидуни нозирони мустақил баргузор шуда, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 49 курсӣ аз 63 курсиро ба даст овардааст ва курсиҳои боқимонда ба ҳизбҳои хурди тарафдори ҳукумат расиданд.

Мақомот ба Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА (ODIHR) ва ба расонаҳои мустақил, аз ҷумла бахши тоҷикии Радиои Озодӣ/Радиои Аврупои Озод барои назорат ва пӯшиши интихоботи порлумонӣ иҷозат надоданд.

Ҳамчунин HRW мегӯяд, дар Тоҷикистон таъқиби дигарандешон идома ёфта, ба чеҳраҳои шинохта ва рӯзноманигорон ҳукмҳои дарозмуддати зиндон содир шудааст.

Аз ҷумла, моҳи феврали соли гузашта, Додгоҳи олӣ чанд чеҳраи маъруфро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат дар парвандаи гӯё кӯшиши ғасби қудрат гунаҳкор дониста, барои аз 18 то 27 сол равонаи зиндон кард. Дар миёни маҳкумшудагон — ҳомии ҳуқуқ, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов (18 сол), вазири пешини корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ (27 сол) ва вакили пешини парлумон ва раҳбари собиқи Ҳизби демократӣ Саидҷаъфар Усмонзода (27 сол) ҳастанд.

Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта шудааст, ки таҳқиқи мустақил ва ҷавобгарӣ барои саркӯби хунини эътирозҳои осоишта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар солҳои 2021–2022 анҷом нашуда, зодагони ин вилоят аз сатҳи баланди фишор ва таъқиби мақомот шикоят доранд.

Ба гуфтаи HRW, сохторҳои қудратӣ ба баргузории маросимҳои азодории исмоилиён бахшида ба даргузашти Оғохони IV дар Хоруғ ва Душанбе монеъ шуда, баландгӯякҳо ва барқро хомӯш карда, иштирокчиёни норозиро таҳдид ҳам кардаанд. Ва моҳи июли соли 2025 ба варзишгарони исмоилӣ бо баҳонаҳои гуногун иҷозати иштирок дар Ismaili Games дар Дубайро надодаанд.

Дар гузориши ин созмони ҳуқуқӣ гуфта мешавад, ки моҳи майи соли 2025 дар Душанбе конфронси байналмилалии занони рӯзноманигори Осиёи Марказӣ як рӯз пеш аз оғози кор бидуни шарҳ бекор карда шуд ва талош барои баргузории он дар макони дигар низ ҳангоми суханрониҳои муқаддимавии намояндагони Иттиҳоди Аврупо қатъ гардид.

Инчунин ин созмон аз 8 сол ҳукми зиндони рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова ва 10 соли зиндони сармуҳаррири нашрияи мустақили «Пайк» Аҳмад Иброҳим ёдовар шудааст.

Гуфта мешавад, моҳи марти соли 2025 президент Эмомалӣ Раҳмон 897 маҳбусро афв кард, аммо рӯзноманигорони маҳкумшуда, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони мухолиф ба рӯйхати афв шомил нашуданд.

Дар нимаи аввали соли гузашта панҷ фаъоли помирӣ, ки пас аз эътирозҳои моҳи майи 2022 боздошт шуда буданд, бо сабаби маҳрум будан аз кумаки тиббӣ дар боздоштгоҳ ҷон бохтанд. Дар бораи марги яке аз онҳо, ки моҳи феврал рух додааст, танҳо охири моҳи августи соли 2025 маълумот нашр шуд. Ҳамчунин моҳи сентябри 2025 узви 83-солаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Зубайдулло Розиқ пас аз бемории тӯлонии дил дар зиндон фавтид.

Ин созмон ҳамчунин мегӯяд, ки моҳи феврали соли 2025 фаъоли мухолиф Дилмурод Эргашев, ки моҳи ноябри 2024 аз Олмон ихроҷ шуда буд, бо иттиҳоми даъвати оммавӣ ба фаъолиятҳои ифротӣ ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуд. Моҳи май фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Фарҳод Неъматов, ки моҳи декабри 2024 ҳамроҳ бо се духтари ноболиғаш аз Шветсия ихроҷ шуда буд, бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнуи «Ҳизби Таҳрир» ба ҳашт сол зиндон маҳкум гардид.

Дар гузориши HRW дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия низ гуфта шуда, таъкид шудааст, ки пас аз ҳамла ба «Крокус Сити Холл» дар моҳи марти 2024, ки дар ташкили он шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар шуданд, бо афзоиши фишор ва озор рӯбарӯ гаштанд ва соли 2025 мақомоти Русия маҳдудиятҳои иловагиро барои муҳоҷирони корӣ ҷорӣ кард.

Аммо моҳи октябр мақомот дар Душанбе президенти Русия Владимир Путинро, ки аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ (ICC) таҳти пайгард қарор дорад, пазируфт ва ӯро боздошт накард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти як муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон бо талаби Тоҷикистон

Як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, аз ҷонби мақомоти Қазоқистон дастгир шудааст.

Дар ҳамлаҳои нави Исроил ба Ғаззаро даҳҳо нафар кушта шуд

Рӯзи чоршанбе, 4-уми апрел дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба хаймаҳои оворагон дар Ғазза беш аз 20 нафар кушта шуданд, ки дар байни онҳо кӯадкони ширхор ҳам буданд.

Боздошти як зани тоҷик дар Русия бо иттиҳоми узвият дар “Салафия”

Дар шаҳри Сухуми Абхазия як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз соли 2021 дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, боздошт шудааст.

Ошӯби навбатӣ дар яке аз зиндонҳои кишвар

Дар як тирпаронӣ дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд дасти кам се зиндонӣ ва як нигаҳбон кушта шудаанд.