Худаш чи гап? Баҳор тобистон шуду маош ҳамоно пардохт намешавад

Таъхир дар пардохти маош дар муассисаҳои буҷҷавии минтақаи Кӯлоб боиси нигаронӣ ва норозигии шадиди кормандон шудааст.

Сомонаи нашрияи “Пайк” навиштааст, ки сари вақт пардохт нашудани музди меҳнати муассисаҳои давлатии буҷетӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақа ба як масъалаи доғ мубаддал гаштааст. Шумори идораҳои давлатие, ки то имрӯз қарздории музди меҳнат доранд, хеле зиёданд.

Барои мисол дар ноҳияи Муъминобод  муассисаҳои таҳсилоти миёна ва марказҳои саломатӣ ҳатто маоши моҳи апрелро нагирифтаанд. Вале ин бори аввал нест, ки кормандони шуъбаи маориф ва тандурустӣ ба таъхири пардохти музди корашон рӯ барӯ мешаванд. Қаблан низ ҳамин гуна маворид зиёд иттифоқ афтодааст. Аммо он замон муҳоҷирон кӯмак мекарданд. Ҳоло шароит дигар аст ва давлат муваззаф аст, ки ҳуқуқи моҳиёнаро саривақт дастрас кунад. Аммо, Тоҷиддин Мирзобаротов, сардори Раёсати молия дар ноҳияи Муъминобод ба сомонаи Пайк гуфтаааст, ки “Айни ҳол дар ноҳия қарздории музди меҳнат нест. Маблағҳои “субъвенсия” сари вақт пардохт намешаванд ва ин яке аз омилҳои асосии қафомонӣ дар додани музди меҳнат мегардад”.

Дар ҳамин ҳол Олимҷон Табаров, мудири маорифи ноҳияи Муъминобод бори ин масъулиятро бар дӯши идораи молия гузоштааст. Вай гуфтааст: “Феълан 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ маоши моҳи апрелро нагирифтаанд ва чандин маротиб ба раёсати Молияи ноҳия муроҷиат кардем, аммо мегӯянд, ки маблағ нест”.

Субҳон Назаров, иҷрокунандаи сардори раёсати молияи ноҳияи Фархор гуфтаст, ки дар ин ноҳия ҳоло қарздории музди меҳнат ба 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ расидааст, ки 380 000- он аз ҳисоби шуъбаи маориф мебошад.

Бино ба гузоришҳои расмӣ дар Фархор баробари пардохти маоши моҳи марти омӯзгорон, бо қарори раиси ноҳия Раҳматзода Рустам 5 рӯза пули кории муаллимонро ҷамъ карда гирифтаанд. Масъулони раёсати Молия гуфтаанд, ки дар ҳақиқат қарори раиси ноҳия баромадааст, аммо худи мудири маориф пулро аз омӯзгорон ҷамъ карда гирифтааст. Вале шарҳ дода нашудааст, ки чаро аз маоши бе ин ҳам ночизи омӯзгорон панҷ рӯзи онро гирифтаанд.

Мушкили пардохти маоши идораҳои давлатӣ дар ҳоле дар кишвар доғ мешавад, ки бино бар иттилои вазорати молия танҳо дар  семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба буҷети кишвар 600 миллион сомонӣ, муодили 60 миллион доллар камтар маблағ ворид шудааст. Бо як қарор раиси шаҳри Душанбе аксарияти кормандони буҷавии пойтахтро ба рухсатии бемуҳлат фиристода буд.

Бо ин ҳол омӯзгорони шаҳри Кӯлоб ин суолро матраҳ мекунанд, ки ҳоло тобистон шуду мо маоши баҳориамонро гирифта наметавонем? Чӣ кор бояд кунем?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

321 миллиард рубл даромади Русия аз муҳоҷирон

Дар якуним сол ба буҷети давлатии Русия аз бахши муҳоҷират 321 миллиард рубл (тақрибан 4 миллиард доллар) ворид шудааст.

Расонаи нави “Tajikistan Newsroom” ба забони англисӣ ба кор оғоз кард

Ҳамзамон бо таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, платформаи нави хабарии англисизабон бо номи "Tajikistan Newsroom" фаъолияти худро оғоз кард.

Тағйирёбӣ обуҳаво: хокбориш дар роҳ аст

Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон тағйири ҳаво дар назар аст ва кишвар боз бо мушкили гарду ғубор рӯ ба рӯ мешавад.

Афзоиши даргириҳо дар Яман: ҷанг ба марҳилаи нав ворид шуд

Дар Яман аз оғози моҳи сентябр даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷамоати Ансоруллоҳ (Ҳусиҳо) дар чанд вилояти ин кишвар шиддат гирифтааст.