Нишасти якрӯзаи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Исломобод ба поён расид, аммо аз 70 кишвар ва созмонҳои ширкаткунанда ҳеч касе омода нашуд, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият бишносад. Акс: Интернет 19-уми декабр Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи давлати Толибон дар ҳошияи ин нишасти Исломобод дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфт, “интизор дорем ҷаҳони ислом […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Нишасти якрӯзаи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Исломобод ба поён расид, аммо аз 70 кишвар ва созмонҳои ширкаткунанда ҳеч касе омода нашуд, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият бишносад.
Акс: Интернет
19-уми декабр Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи давлати Толибон дар ҳошияи ин нишасти Исломобод дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфт, “интизор дорем ҷаҳони ислом равобити худ бо Афғонистонро оддӣ ва сафоратхонаҳои худро дар Кобул бозгушоӣ кунанд.”
Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзи аввали ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон пайваста иддаъо мекунад, ки то Толибон ҳукумати ҳамашумул ташкил накунанд, онҳоро ба расмият намешиносад, аммо сафорати кишварамонро барои як рӯз ҳам дар Кобул таътил накардааст.
Бузургтарин гузаргоҳи марзӣ дар Панҷи Поён ё Шерхонбандар ҳам боз буда, мисли пешин транзити молу колоҳои тиҷоратӣ озод интиқол дода мешаванд. Коре, ки дигар ҳамсояҳои Афғонистон ҳам ба мисли Ӯзбекистону Туркманистон ва Эрону Покистон ҳам онро иҷро мекунанд.
Кишварҳои Қатар, Туркия ва ахиран Аморат Муттаҳидаи Араб ва Индонезия ҳам бо баҳонаҳои ирсоли кумакҳои инсонӣ аз омодагии худ барои ҳамкорӣ бо Аргнишонони Кобул хабар додаанд.
Нишасти изтирории Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ бо пешниҳоди Арабистони Саудӣ ва бо мизбонии Покистон зери унвони баррасии вазъияти Афғонистон баргузор шуд.
Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ намояндаи хосси худ дар умури Афғонистонро муаррифӣ кард ва бо пешниҳоди Эрон аз таъсиси як сандуқи ҷамъоварии кумакҳои башардустона дар ҳамкорӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид хабар дод.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.