Иттиҳоди шуравӣ аз байн рафту мероси хунхораш боқӣ монда, ҷони ҳазорон нафарҳои бегуноҳро дар ҳудудҳои собиқаш ба коми марг мекашад ва оилаҳои зиёдеро ғамзадаву беватан мегардонад. Акс: Интернет Яке аз собиқадорон ва роҳбарони ҳизби комунисти шуравӣ А.Н. Яковлев дар навишатҳояш чунин қайд менамояд: “Аз худ бипурсед аз куҷост ин асабоният ва тарси мо? Ҷавоб ин […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Иттиҳоди шуравӣ аз байн рафту мероси хунхораш боқӣ монда, ҷони ҳазорон нафарҳои бегуноҳро дар ҳудудҳои собиқаш ба коми марг мекашад ва оилаҳои зиёдеро ғамзадаву беватан мегардонад.
Акс: Интернет
Яке аз собиқадорон ва роҳбарони ҳизби комунисти шуравӣ А.Н. Яковлев дар навишатҳояш чунин қайд менамояд:
“Аз худ бипурсед аз куҷост ин асабоният ва тарси мо? Ҷавоб ин аст, ки то ба ҳол Ленин ва Сталин зинда аст. Ман намехоҳам, ки рӯҳи “девҳоро” ба ҷавобгарӣ бикашем, балки шогирдони онҳоро, ки то ба ҳол идеологияи тарсу зулмро болои мардум раво мебинанд, ба ҷавобгари кашида, пеши роҳи ҳуҷуми нави болшевикӣ гирифта шавад ва идеологияи “зулму ситам” абадӣ дар партовгоҳи таърих гузошта шавад”. (Китоби сиёҳи коммунизм, саҳ. 11)
Яке аз ҷиноятҳои нобахшидании ҳукумати шуравӣ ин аст, ки милатҳоро аз ватанҳои аслии худ маҳрум ва сарҳадҳоро табартақсим намуда, ба наслҳои баъдӣ низоъҳои хунин ба мерос гузоштааст. Ҳуҷуми Русия ба Украина, ҷангҳои байни Озарбойҷону Арманистон, Қарақалпоқистон- Узбакистон, Қирғизистону Тоҷикистон ва даҳҳо мисоли дигар ҳаст, ки аз ҷумлаи ҳамон “мерос” ба шумор мераванд.
Мутаасифона, яке аз “вирус”-ҳои идеологияи коммунистӣ, ки ба мо расидааст, ин “пасво”-и пешвоёни болшевикӣ, Раҳмонови хунхор мебошад ва эҳтимоли зиёд аз поёнтарин партовгоҳи онҳо берун омадааст. Рӯзе нест, ки дар як гӯшаи Ватан хуни бегуноҳе рехта нашавад ва сӣ сол мешавад ин аҳвол давом дорад ва иштиҳои ин “вампир” (одамсурати дар асл одамхӯр) то андозае баланд шудааст, ки ба хуни як-ду нафар иктифо накарда, адади қурбониёнро рӯз аз рӯз зиёд менамояд. Хуни мардуми бегуноҳи Бадахшону сокинони наздисарҳадии Исфара ҳам аз ҷумлаи қурбониҳои давомноки дасти “пасво” ба ҳисоб меравад.
Яке аз сабаби асоси ин муноқишаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, аз тарафи раисони замони шӯравӣ ба иҷора додани заминҳои ватанӣ ба қирғизҳо ва оқибати кор ғасби он заминҳо аз тарфи онҳо мебошад. То солҳои пешин мушкилиҳои сарҳадӣ бо роҳҳои маслиҳатомез байни рӯҳониён ва калонҳои ду миллат ҳалли худро пайдо мекард. Локин бо зиндон кардани рӯҳониён ва қатли ҷавонмардони исфарагӣ аз тарафи Раҳмонов кам касе аз нафарони таъсирбахш боқӣ мондааст, то дар низоъҳо саҳм гузоранд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.