Як ҷавон дар Техаси Амрико 19 кӯдакро бо тири туфанг кушт

Рӯзи сешанбе 24-уми майи соли ҷорӣ бар асари тирпарронӣ дар як мактаби ибтидоӣ дар шаҳри Увалдеи аёлати Техаси Амрико дастикам 19 хонанда ва 2 омӯзгор кушта ва чанд тани дигар захмӣ шудааст.

Акс аз сомонаи “eu.statesman.com” гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, муҳоҷим ҷавони 18-сола буда, тақрибан нисфирӯзии ба вақти маҳаллӣ ба мактаби ибтидоии “Робб” дар шаҳри Увалде даромада ва бо туфанге, ки дар даст дошт ба сӯи кӯдакон оташ кушодааст. Губернатор Грег Эббот ба расонаҳои амрикоӣ гуфта, ки муҳоҷим аз ҷониби полис кушта шуд.

Далели ба чунин кор даст задани ҷавони муҳоҷим маълум нест, вале мақомоти шаҳр гуфтаанд, ки тирандоз сокини маҳаллаи наздик ба мактаб буд ва аз ӯ Селвадор Рамос ном бурдаанд.

Ин ҳодиса маркбортарин ҳамла баъд аз ҳамлаи соли 2012 дар Амрико, ки низ ба як мактаби ибтидоӣ сурат гирифта буду дар он дасти кам 20 хонанда кушта шуда буд, маҳсуб мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.