Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Маскав бо 7 кг героин дастгир карданд

Акси марбута аз сомонаи dzer.ru

Пулиси Маскав бо интишори як видио хабар дод, ки як нафар зодаи кишвари Осиёи Марказиро бо 7 килло героин боздошт кардааст, аммо аз кишвари боздоштшуда номбурда нашудааст, вале аз шиносномаи марди боздоштшуда маълум аст, ки  шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Ба иттилои Пулиси Маскав ин нафар маводи мухаддиро ба дозаҳои хурд тақсим карда дар ҷойҳои махсус шаҳру вилоятҳои Маскав ба савдо мегузоштааст. Гуфта мешавад, як дозаи маводи мухаддири ӯ 1500 рубл нарх доштааст.

Бар асоси моддаи 228.1-и Кодекси ҷиноятии Русия нисбати фарди дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд, ки дар Русия барои нигоҳ доштан ва кӯшиши фурӯхтани миқдори махсусан бузурги маводи мухаддир аз 10 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Аммо то ҳол назари боздоштшуда дастрас нест.

Бино ба маъулумоти расмӣ дар зиндонҳои Русия зиёда 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд ва беш аз 1200 нафари дигар дар боздошт қарор доранд. Бо иттиҳоимоти марбут ба маводи мухадддир аз рӯйи ҳисобҳо тақрибан сеяки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия зиндонӣ гардидаанд.

Тоҷикистон бо ҳаммарзии 1400 км бо Афғонистон ҳамеша зери танқиди матбуоти Русия қарор дорад, матбуоти Русия ҳамеша шаҳрвандони Тоҷикистонро зери танқид қарор медиҳанд, ки бештари маводи мухаддире, ки дар ин кишвар тиҷорат мешавад, аз тариқи Тоҷикистон будааст, вале мақомоти тоҷик ин иттиҳомҳоро рад мекунанд, ҳамеша бар ин назаранд, ки марзҳо зери назорати сахт қарор дорад, вале боз дида мешавад, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Руссия маводи мухаддир мусодира кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.