Як таҳқиқот нишон дод, ки 75 дарсади муҳоҷирон дар Русия корҳои худро аз даст додаанд

Гурӯҳи таҳқиқоти муҳоҷират ва этнетикии Русия дар як назарсанҷӣ муайян кардаанд, ки 75 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав дар даврони паҳншавии вируси корона бекор монданд.

Ин назарсанҷӣ миёни муҳоҷирони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, гузаронида шудааст ва дар бораи таъсири пандемия ба кору зиндагии онҳо дар Маскав бахшида шудааст.

Коршиносон гуфтаанд, ки зимни назарсанҷӣ маълум гардид, ки 74 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми пандемия аз кор хориҷ гардиаанд, ё ба рӯхсатии бардавоми меҳнатӣ бидуни пардохти маблағ фиристода шудаанд.

Танҳо 40 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар даврони пандемия пул захира карда, 13 дарсади дигар барои муҳлати дарозтар пули бештар захира доштаанд, омодааст дар ин гузориш.

Вадим Коженов Раиси федератсияи муҳоҷирони Русия дар як мусоҳибааш  бо рӯзномаи “

Вадим Коженов

Ба гуфтаи Коженов: “Бештар кор дар минтақаҳои гуногуни Русия дар соҳаи кишоварзӣ ба назар мерасид. Дар сомона беш аз 7-8 ҳазор нафар сабти ном шуда буд. Аз ҳамин ҳазорҳо нафар танҳо 40 нафар барои кор омодагии худро нишон доданд”.

Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав омода буданд бо хароҷоти ночиз бимонанд ва баъд аз маҳдудиятҳо ба кори пешина ё ба кори наве баргарданд, – гуфтааст Коженов.

Раиси федератсияи муҳоҷирони Русия дар идома гуфт:

“Як одат шудааст, ки муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия барои кор кардани пул меояд, то ки як қисми пули коркардаашро барои оилааш равон кунад. Аммо баъзеҳояшон дигар мақсад доранд. Онҳо ба Маскав меоянд ва мегуянд: ман мехоҳам дар ин шаҳр бимонам ва ҳар коре бо ман кунед ман аз ин ҷо ба ҳеҷ куҷо намеравам”.

Айни замон аз руйи ҳисобҳои ғайрирасмӣ зиёда аз якуним миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ доранд, ки баъди маҳдудиятҳо дар Русия бархеяшон ба мушкилии бекорӣ рӯбарӯ гардида ва бархе дигар ба хотири ҷони худро ҳифз кардан ба ҳар тариқ Русияро тарк намуданд ва дар марзи Қазоқистоу Узбекистон чандин рӯз дармонда буданд, ки ахиран аз тарафи созмони муҳоҷират ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонад маълумоти бонкии муҳоҷиронро тафтиш кунад

Акнун Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонанд мустақлиона ва бо қарор додгоҳ фаъолиятҳои молии муҳоҷиронро тафтиш кунанд.

Кабирӣ рафт, кӣ омад?

Интихоби раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд.Имрӯз, 19-уми...

Давоми силсилаи боздоштҳо: панҷ сокини Язгулом дар масҷид дастгир шуданд

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе панҷ нафарро бо гумони алоқамандӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ боздошт карданд.

ИМА дар ҳамдастӣ ба ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” як шаҳрванди Афғонистонро маҳкум кард

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамала ба толори "Крокус Сити Ҳолл" ба зиндон маҳкум шуд.