Акс: ИнтернетАкс аз навори видеоии корбарон дар Фейсбук Дар шаҳри Маскави Русия як ронандаи таксӣ, ки ҳувияташ маълум нест аз кадом кишвари Осиёси Марказӣ аст, ба дор овехта шудааст. Бахтовар як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия дар саҳифаи фейсбукиаш чанд навореро нашр кард, ки дида мешавад як нафаре дар дохили ҷангале ба дор овехта шудааст. […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: ИнтернетАкс аз навори видеоии корбарон дар Фейсбук
Дар шаҳри Маскави Русия як ронандаи таксӣ, ки ҳувияташ маълум нест аз кадом кишвари Осиёси Марказӣ аст, ба дор овехта шудааст.
Бахтовар як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия дар саҳифаи фейсбукиаш чанд навореро нашр кард, ки дида мешавад як нафаре дар дохили ҷангале ба дор овехта шудааст. Наворгиранда ба мусофиркашони шаҳрҳои Русия ҳушдор медиҳад, ки эҳтиёт бошанд ва ҳаркаси шубҳанокро аз роҳҳо савор накунанд.
Дар ҳамин ҳол Бахтовар дар идомаи навиштааш дар Фейсбук аз мусофиркашони шаҳрҳои Русия тақозо мекунад, ки барои ҳолатҳои зарурӣ ва исботи воқеаҳои нохуш як дурбини дуҷониба, ки арзиши чандон гароне надорад бихаранд, ҳам барои ҳифзи ҷони худ ва ҳам бо он метавонанд ҳама чизро барои мақомоти пулиси Русия исбот кунанд.
То ҳол дар бораи ин ҳодисаи куштор аз мақомоти расмии Русия чизе нашр нашудааст ва маълум нест, ки мақтул аз кадом кишвар аст ва қотилон киҳо будаанд.
Қатлу куштори муҳоҷирони корӣ дар Русия аз ҷониби миллатгароҳои рус бисёр мушоҳида шудааст ва солона садҳо тобути тоҷикон бар асари чунин қатлу кушторҳо ба Ватан оварда мешавад.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.