Як заминро ба чанд кас бояд фурӯхт? Дар Исфара замине, ки 25 сол соҳиб дошт ба дигаре фурӯхтанд

Дар шаҳри Исфара баъзе сокинон шикоят доранд, ки заминҳояшонро мақомот бе пурсиши онҳо ба дигарон мефурӯшанд.

Собиқ корманди корхонаи Комибинати маводи сохтмонӣ шаҳри Исфара, Багадиров (Баҳодуров) Абдумалик дар сӯҳбат ба “Аздо тв” гуфт, 12 сотих қитъаи замине, ки 25 сол боз ба ӯ тааллуқ дошт ва дар он дарахтҳои зиёде шинонда буду онҷоро обод карда буд, масъулони шаҳр бе пурсиш аз соҳиби аслии он заминро ба шахси дигар фурӯхтанд.

Ин сокин мегӯяд, дарахтоне, ки ӯ шинонда буд, соҳибони наваш онҳоро буррида бурдаанд. Абдумалики 73-сола, ки ба гуфтаи худаш 40 сол дар Комбинати маводи сохтмонӣ кор кардааст, аз ин беадолатӣ ва поймолшудани ҳуқуқаш намедонад ба куҷо муроҷиат кунад.

Фурӯхтани зимин ба чанд нафар дар як замон бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон сурат мегирад. Солҳост, ки сокинони камбағал аз ғайриқонунӣ фурӯхтани замин ба чанд нафар дар як замон шикоят мекунанд, аммо касе нест ба додашон бирасад.

Масъулони Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон чандин ҳолатҳои ғайриқонунӣ фуруӯхтани қитъаи замин аз ҷониби масъулони шаҳру ноҳияҳои кишварро ошкор карда омилонашонро ба ҷавобгарӣ кашиданд. Аммо боз ҳам дида мешавад, ки ин раванд бетағйир идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ИМА як шаҳрванди Тоҷикистонро барои мусоидат ба харидории силоҳи зиддиҳавоӣ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...