Ифтитоҳи бузургтарин масҷиддар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Тоҷикистон бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои расмӣ, 8-уми июни соли 2023 Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ имрӯз ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе, ки бо маблағгузории ҷониби Тоҷикистон ва Қатар бунёд шудааст, иштирок кард.

Ба қавли манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон аз номи тамоми сокинони Тоҷикистон барои маблағгузорӣ кардани Қатар дар бунёди ин масҷиди бугузр сипосгузорӣ кард. Зимни ифтитоҳи масҷид “пешниҳод гардид, ки ба хотири хизматҳои барҷаста дар олами ислом Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи “Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит” гузошта шавад.”

Гуфта мешавад, санги асоси ин масҷиди ҷомеаи марказӣ 5-уми октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бо ҳузури як қатор мақомоти расмӣ ва донишмандони кишварҳои исломӣ гузошта шуда буд. Бунёди ин масҷид ҳудуди 7 сол пеш ба анҷом расида буд, вале ҷониби Тоҷикистон то ин сафари Амири давлати Қатар ифтитоҳи онро мавқуф гузошта буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.