Ифтитоҳи дафтари расмии ҶММА дар Душанбе

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки раҳбарияш ба дӯши писари Аҳмадшоҳ Масъуд, Аҳмад Масъуд аст, дар Душанбе намояндагии расмияшро боз кардааст.

Ба гузориши “Азия-Плюс”, сиёсатшиноси тоҷик Амири Замон боз шудани дафтари кории Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Душанберо тасдиқ кардааст.

Аммо аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин расона гуфтаанд, ки дар ин маврид иттилоъе надоранд.

Изҳори бехабрии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта  директори Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия, роҳбари Маркази омӯзиши сиёсати Афғонистон Андрей Серенко дар шабакаи иҷтимоии телеграмми ҳанӯз 23-уми октябр навишта буд: “Ҷабҳаи зиддитолибии муқовимати миллии Афғонистон дар Тоҷикистон (Душанбе) намояндагии расмии худро боз кард.”

Ин дар ҳолест, ки Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии ҶММА дар твиттераш хабар дод, ки Вазорати корҳои хориҷии Амрико иҷозати ифтитоҳи намояндагии ҷабҳаро дар Вошингтон содир кард.

Оқои Назарӣ таъкид карда, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон фаъолияти расмии худро дар тамоми ҷаҳон густариш хоҳад дод.

Баъд аз фирори Ашраф Ғанӣ ва тасаллути Толибон бар Афғонистон дар вилояти Панҷшер бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Қаҳрамони миллии Афғонистон ҳаракати зидди толибонӣ бо номи “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғониситон” таъсис ёфт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...

Қонун барои ҳама: Дар Суғд мардон низ аз ҳаққи гирифтани алимент истифода мекунанд

Дар вилояти Суғд на танҳо занон, балки мардон ҳам аз ҳамсарони собиқи худ барои нигоҳубини фарзандон алимент мегиранд.

Содир Ҷабборов мехост курсии президентиро ба Тошиев вогузорад, аммо…

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон гуфта, ки омода буд дар интихоботи президентии соли 2027 номзад нашавад ва аз номзадии "дӯсташ" Қамчибек Тошиев ҳимоят кунад.

Талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон аз 20% бештар шудааст. Мушкил дар куҷост?

Давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 20 дарсад ҳам бештар шудааст.