Ифтитоҳи 4 иншооти нав дар пойтахт

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи писараш як бинои иловагии гимназияи духтараш ва Кохи ҷадиди домодашро ба истифода дод

Акс аз сомони Хадамоти матбуоти Президент

Субҳи имрӯз, 17-уми марти соли 2022 Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо писараш Рустами Эмомал, шаҳрдори Душанбе чор бинои ҷадидеро, ки аз ҷониби соҳибкорони дохилӣ сохта шудаанд, дар пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ин биноҳо иборат аз Меҳмонхонаи “Румӣ ҳотел энд резиденс” (The Rumi Hotel and Residences) дар ноҳияи Шоҳмансур, боғча ё Муассисаи томактабии хусусии “Закия” дар ноҳияи Фирдавсӣ, бинои иловагии таълимии Гимназияи хусусии “Кафолат” ва толори варзишии “Кохи Олимп” дар ноҳияи Сино мебошанд.

Ба таъкиди Хадамоти матбуоти Президент Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ ин чор биное, ки имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ҳама аз ҷониби соҳибкорон ватанӣ сохта шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ҷамъи ин соҳибкорон дасти кам дутои онҳо ба фасоди идорӣ ва ё сӯистифода аз мансаб ва наздик будан ба хонаводаи Президент муттаҳам мешаванд.

Ин ду соҳибкоре, ки ба фасоди идорӣ ва сӯиистифода аз мансаб ва ё қаробат бо Эмомалӣ Раҳмон муттаҳам мешаванд, яке Раиси Дастогоҳи Президенти Тоҷикистон хонум Озода Раҳмон, молики Гимназияи хусусии Кафолат ва дуввумӣ Маҳмадзоир Соҳибов, домоди Прзедент Эмомалӣ Раҳмон ва соҳиби ширкати “Сафед-Дара” ва молики “Кохи Олимп” мебошанд.

Инчунин бархе коршиносони дохилӣ мегӯянд, моликони Муассисаи томактабии хусусии “Закия” ва  Меҳмонхонаи “Румӣ ҳотел энд резиденс”-и пойтахт низ аз наздикони Рустами Эмомалӣ мебошанд.

Гуфта мешавад, ин иншооти ҷадиди пойтахт тавассути афроди наздик ба Эмомалӣ Раҳмон дар замоне сохта шудаанд, ки коронавирус иқтисоди дунёро ба зону дароварда буд ва Тоҷикистон ҳам дар ду соли ахир бо камбуди будҷа дучор шуда буд.

Саҳми ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар маблағгузорӣ кардан ба онҳо баробар ба сифр аст. Аммо худи Президенти Тоҷикистон ва Раиси Шаҳри Душанбе аз чунин фурсатҳо ба нафъи худ сӯистифодаи таблиғотӣ мекунанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои АЗДО ТВ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ

Дар Душанбе барои шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия...

ҲНИТ калимаи “ҳизб”-ро аз номаш гирифт

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри баёнияе эълон кард, ки аз номаш калимаи "ҳизб"-ро бардоштааст.

Додситони ноҳияи Балҷувон пас аз тафтиши дохилӣ аз мақом барканор шуд

Мурод Муқимзода, додситони ноҳияи Балҷувон, пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазифааш барканор шудааст.

Шаҳрванди Афғонистон дар Ваҳдат бо гумони куштани падараш боздошт шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди 25-солаи Афғонистон бо гумони куштани падараш дар шаҳри Ваҳдат хабар дод.