12.9 C
Dushanbe

Ихроҷи муҳоҷирон дар Русия бештар мешавад?

Ҳукумати Русия лоиҳаи қонуни наверо омода кардааст, ки сиёсати муҳоҷиратиро дар ин кишвар ба таври ҷиддӣ сахттар мекунад.

Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия таҳия шуда, он барои чанд навъ ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ихроҷи ҳатмии шаҳрвандони хориҷиро аз ин кишвар пешбинӣ мекунад.

Ин лоиҳа 16-уми марти соли ҷорӣ, дар ҷаласаи Комиссияи фаъолияти қонунгузории ҳукуматӣ баррасӣ гардида, мумкин аст дар вақти наздик ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шавад.

Тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд барои ҳуқуқвайронкуниҳо аз рӯи 20 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия, аз ҷумла барои иштирок дар гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои хориҷӣ ё байналмилалии номатлуб, маҷбур кардани шахс ба иштирок ё худдорӣ аз иштирок дар корпартоӣ, вайрон кардани талаботи режими ҳолати фавқулода, майдаавбошӣ бо итоат накардан ба кормандони пулис ва ғайра ба ихроҷи ҳатмӣ дучор шаванд.

Ҳамчунин ихроҷ метавонад барои паҳн кардани барномаҳои телевизионӣ ё филмҳое, ки ба шуури одамон таъсир мерасонанд, нашри дастурҳо оид ба сохтани бомба дар ВАО ва пешниҳодҳои фурӯши фосилавии нӯшокиҳои спиртӣ татбиқ шавад.

Дар қонунгузории амалкунанда, ихроҷ аксар вақт ҳамчун яке аз чораҳои эҳтимолии ҷазо истифода мешавад ва қарори ихроҷро додгоҳ қабул мекунад.

Раиси Раёсати Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Русия Владимир Груздев дар шарҳи ин лоиҳа гуфта, ки дар модели нави ҷазо ҷаримаҳо бо ихроҷи ҳатмӣ якҷоя истифода мешаванд ва дар баъзе ҳолатҳо дар баробари ҷарима ихроҷ ҳамчун ҷазои иловагии ҳатмӣ таъйин мешавад. Ҳамзамон додгоҳ метавонад мусодираи ашёи истифодашуда дар ҳуқуқвайронкуниро низ таъйин кунад, аммо қонун татбиқи зиёда аз як ҷазои иловагиро барои як амали қонуншиканӣ иҷозат намедиҳад.

Илова ба ихроҷи ҳатмӣ, Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод кардааст, ки ҷаримаҳо барои баъзе моддаҳои марбут ба қонуншиканиҳои муҳоҷиратӣ зиёд карда шаванд. Масалан, барои вайрон кардани қоидаҳои воридшавӣ ба Русия, фаъолияти кории ғайриқонунӣ ё ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кор пешниҳод шудааст, ки ҷарима аз 4 то 7 ҳазор рубл муқаррар карда шавад. Ҳоло барои чунин қонуншиканиҳо ҷарима аз 2 то 5 ҳазор рубл мебошад.

Дар шарҳи расмии лоиҳаи қонун гуфта шудааст, ки ин тағйирот бо афзоиши фаъолияти ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ рабт дошта, Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳолатҳои муноқишаҳои оммавӣ ва бетартибиҳо бо иштироки муҳоҷирон ишора кардааст.

Петштар раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин иддао карда буд, ки дар соли 2025 шумораи ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон 7 дарсад афзоиш ёфта, ба 41 ҳазору 103 ҳолат расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон дар баробари тамоми ҷиноятҳое, ки дар Русия содир шудаанд, ночиз буда, танҳо соли 2024 дар тамоми қаламрави ин кишвар беш аз 1,77 миллион ҷиноят содир шуда будааст.

Агар лоиҳаи қонун қабул шавад, шаҳрвандони хориҷие, ки баъзе ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро содир мекунанд, метавонанд ба таври худкор аз Русия ихроҷ шаванд. Ин метавонад шумораи ихроҷҳоро зиёд кунад ва имкони интихоб кардани ҷазо аз ҷониби додгоҳҳоро кам намояд. Ҳуқуқшиносон ҳам эҳтимол медиҳанд, ки шумораи парвандаҳои маъмурӣ вобаста ба қонуншиканиҳои муҳоҷиратӣ афзоиш меёбад.

Бояд гуфт, ин тағйироти пешниҳодшуда идомаи сиёсати Ҳукумати Русия барои шадидтар кардани назорати муҳоҷират буда, дар чанд соли охири барои амалӣ кардани ин сиёсат даҳҳо қонун қабул шудааст ва ҳоло чандин қонуни дигар дар ҳоли пешниҳоду баррасӣ қарор доранд.

Қонунҳои мазкур дар ҳоле пешниҳоду баррасӣ ва қабул мешаванд, ки иқтисоди Русия то ҳол ба қувваи кории муҳоҷирон, махсусан дар сохтмон, хоҷагии коммуналӣ, кишоварзӣ ва логистика, вобастагии зиёд дорад. Баъзе корфармоёни рус ҳам борҳо нигаронӣ карда буданд, ки сахттар шудани сиёсати муҳоҷират метавонад ҷалби қувваи кориро мушкилтар кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Истеъфои як мақомдори баландпояи амрикоӣ дар эътироз ба ҷанг алайҳи Эрон

Директори Маркази миллии зиддитеррористии ИМА Ҷозеф Кент 17-уми марти соли ҷорӣ ба сабаби ворид шудани Амрико ба ҷанг алайҳи Эрон аз вазифаи худ истеъфо дод.

Исроил мегӯяд, Алӣ Лориҷонӣ дар пайи як ҳамла кушта шудааст

Артиши Исроил эълон кард, ки Алӣ Лориҷонӣ, Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эронро дар як ҳамлаи ҳавоӣ ҳадаф қарор додааст.

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи баргузории Иди Фитрро эълон кард

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 17-уми март дар ҷаласаи навбатии худ рӯзи баргузории Иди саиди Фитрро эълон кард.

Фишори Трамп бар муттаҳиҳдонаш: Дар бозгушоии тангаи Ҳурмуз кумак кунед!

Бо шиддат гирифтани буҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон, Трамп аз баъзе кишварҳо хост дар бозгушоии тангаи Ҳурмуз кумак кунанд.