Додгоҳе дар Маскав Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгар ва блогери тоҷикро ба вайрон кардани қоидаҳои буду бош гунаҳкор дониста, аз Русия ихроҷ кард. Акс: Интернет Ба иттилои Тасс, 6-уми декабри соли ҷорӣ “Додгоҳ Чоршанбиевро тибқи моддаи 18.8 Кодекси маъмурии Федератсияи Русия (“Вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Федератсияи Русия ё реҷаи буду бош (иқомат) дар Федератсияи Русия аз […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Додгоҳе дар Маскав Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгар ва блогери тоҷикро ба вайрон кардани қоидаҳои буду бош гунаҳкор дониста, аз Русия ихроҷ кард.
Акс: Интернет
Ба иттилои Тасс, 6-уми декабри соли ҷорӣ“Додгоҳ Чоршанбиевро тибқи моддаи 18.8 Кодекси маъмурии Федератсияи Русия (“Вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Федератсияи Русия ё реҷаи буду бош (иқомат) дар Федератсияи Русия аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд”) гунаҳкор донистааст. “
Дар қарори додгоҳ гуфта мешавад, ки Суд Чоршанбе Чоршанбиевро ба андозаи 5 ҳазор рубли русӣ ҷарима намуда, амр кардааст, ки ӯро то замони ихроҷ аз Русия дар Маркази боздошти шаҳрвандони хориҷии Вазорати корҳои дохилии ин кишвар нигаҳдорӣ кунанд.
Гуфтанист, 3-уми декбари соли ҷорӣ Чоршанбе Чоршанбиев дар Маскав боздошт шуд ва дар додгоҳ ҳам эътироф кард, ки чанд моҳе пеш дар дохили нақбе дар ҳудуди Русия мошинро бо суръати баланд рондааст ва ба эҳтимол навори мошинронии ӯро касе аз наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.