Тағйироти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ

Эмомалӣ Раҳмон аксари сардорҳои раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро аз вазифа барканор ва атрофи вазирро аз “одамони худӣ” холӣ кард.

Бино ба иттилои ВКД, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон генерал Шодӣ Ҳафиззодаро аз мақоми сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ (маъруф ба УБОП ё 6 отдел) озод карда, ба ҷойи ӯ Саидаҳтам Ҳотамзодаро сардори нави ин Раёсат таъйин кардааст.

Сабаби барканории Ҳафиззода ва ё ба дигар вазифа таъйин шуданаш то ҳол маълум нест. Бархе мегӯянд, ки ӯ аз пайвандони Рамазон Раҳимзода аст.

Шодӣ Ҳафиззода аз соли 2017 дар ин мақом кор мекард ва мухолифон борҳо ӯ ва раёсати зери раҳбарияшро барои боздошту шиканҷаи пайвандонашону дигарандешон танқид карда буданд.

Инчунин имрӯз, 2-уми феврали соли 2024 Президенти Тоҷикистон бо 25 нафар кадрҳои нав, ки ба вазифаи сардорҳои раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйин шудаанд, мулоқот кардааст.

Дар ҷамъи касоне, ки имрӯз ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон рафта буданд, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рустам Шафизода, сардорони ВКД дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон Сулаймон Абдуллоев ва Ҷамшед Шодизода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Бохтар Олимҷон Бурҳониён, Кӯлоб Шералӣ Ҳайдарзода, ноҳияҳои Кушониён Зафар Саидзода, Дӯстӣ Камолиддин Иброҳимзода, Носири Хусрав Абдусаттор Юсуфзода ва ноҳияи Ёвон Манучеҳр Назарзода, сардорони раёсатҳои кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ, разведка, тиббӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқ, раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва нақлиёти вилояти Суғд ва ноҳияи Шаҳристон ҳузур доштанд.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо судури амрҳое Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшоро ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ, собиқ муовини вазир генерал майор Раҳмонзода Сайнахшро ба вазифаи сардори Муассисаи нақлиётии ВКД ва Насуриён Пӯлод Асадуллоро низ ба вазифаи сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии кишвар таъйин карда аст.

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки чанде пеш бархе аз мухолифон иттилоъ дода буднд Эмомалӣ Раҳмон ғайриинтизор 8 нафар аз наздиктарин атрофиёни Рамазон Раҳимзодро аз вазифаҳояшон сабукдӯш кардааст, ки чор нафарашон рутбаи генералӣ доштаанд.

Гуфта мешавад, дар замони 32 соли ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҳамасола ин анъана вуҷуд дорад, ки дар моҳҳои январ ва феврал тағйироти кадрӣ ва ё ба истилоҳ “ҷойивазкунии кадрҳо” сурат мегирад. Аммо мисли ин бор, ки якбора Эмомалӣ Раҳмон раҳбарони ниҳодҳои мақомоти қудратӣ дар минтақаи Кӯлоб ва 25 нафар аз сардорҳои раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии кишварро пайи ҳам аз кор пеш кунад, камсобиқа мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.