Ғоним афзудааст, ки ба мутахассисон муяссар шуд, ки мушкили пешомадаро дар таyoмоми истгоҳҳои барқии ҷумҳурӣ бартараф кунанд ва феълан ҳар кадоме аз онҳо барои кор омода аст.
Вай гуфтааст,ки соатҳои наздик интиқоли нерӯи барқ дар сартосари кишвар шурӯъ мешавад. Ин шабака мегӯяд, ки сӯхтори ба вуҷудомада аз таркишро неруҳои оташнишонӣ хомӯш кардаанд. Қаблан Оҷонсии SANA бо истинод ба баёнияи Ғоним хабр дода буд, ки тамоми қаламрави кишвар бар асари таркиш дар лӯлаи газ дар ҷануби Сурия аз барқ маҳрум шуд.
Шабакаи Al-Ekhbariya, аз қавли Ғоним мегӯяд, ки бар асари ин ҳодиса се истгоҳи неруи барқ аз кор бозмонд. Дертар вазири энергетикаи Сурия Муҳаммад Зуҳур Харбутли хабар дода буд,ки истгоҳҳои барқӣ барои иншооти ҳаётан муҳим барқро таъмин мекунанд ва барои бархе аз музофот ҳам интиқоли он аз сар гирифта мешавад.