8.9 C
Dushanbe

Интиқоди Раҳмонов аз додрасҳои таъйинкардааш

Президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии ахираш кори низоми додгоҳии кишварро интиқод кард.

Эмомалӣ зимни суханронияш ба мушкилоти зиёде, аз ҷумла бемасъулиятии додарсҳо, фасод ва таъхири раванди парвандаҳо ишора кард.

Раисҷумҳур дар суханронии рӯзи 5-уми декабраш бо кормандони мақомоти додгоҳии кишвар аз сохтмони биноҳои нав, баланд бардоштани маоши кормандони ин ниҳод, зиёд кардани маблағгузорӣ, қабули қонунҳо, аз тағйиру иловаҳо ба сарқонуни кишвар ва дигар пешрафтҳои ин ниҳод гуфт.

Аммо дар идомаи суханронияш ба бемасъулиятии додрасҳо ишора намуда, гуфт, ки баъзе додрасҳо дар вақти баррасии парвандаҳо беаҳаммиятӣ зоҳир намуда, ба далелҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ намедиҳанд ва ҳолатҳои барои парванда аҳаммиятдоштаро ҳаматарафа намесанҷанд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ, ин тарзи муносибат боиси татбиқи нодурусти қонунҳо, қабули санадҳои ғайриқонунӣ ва дар ниҳоят бекор шудани қарорҳои қабулкардаи онҳо мегардад. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, дар давоми солҳои 2020 – 2023 ва нӯҳ моҳи соли 2024 аз ҷониби додгоҳҳои болоӣ беш аз 1700 қарори додгоҳҳои поёнӣ бекор гардида, 1400 ҳолати риоя нагардидани муҳлати баррасии парвандаҳо ба қайд гирифта шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи суханронияш гуфт, ки Додгоҳи олии кишвар 2320 шикояти шаҳрвандонро аз болои додгоҳҳо ба қайд гирифтааст, дар ҳоле, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президент 4332 шикоят ворид шудааст. Раҳмонов эътироф кард, ки шаҳрвандон бинобар беадолатии қарорҳои аввалия ва кашолкорӣ дар баррасии парвандаҳо маҷбур мешаванд даъвоҳои худро дубора пешниҳод кунанд.

Инчунин ӯ аз вуҷуд ва зиёд шудани фасоду қонуншиканӣ дар низоми додгоҳӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки дар даҳ соли охир нисбати 107 корманди ин соҳа, аз ҷумла 45 додрас, парвандаи ҷиноӣ асосан бо айбномаҳои ришваситонӣ, суиистифода аз ваколат ва қаллобӣ боз шудаанд. Танҳо дар даҳ моҳи соли 2024 26 ҷиноят нисбат ба 16 корманди додгоҳҳо ба қайд гирифта шудааст.

Раҳмонов дар идома бо сабаби даст ба қонуншиканӣ ва кашолакорӣ задани додрасҳо аз сарсону саргардон шудани маҳкумшудагону ҷабрдидагон ва аҳли оилаи онҳо гуфта, мисол овард, ки дар соли гузашта ва нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 1008 санади додгоҳӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла 709 санад бо эътирози додситонҳо ва 299 санад бо шикояти кассатсиониву назоратии маҳкумшудагон, ҷабрдидагон ва намояндагони онҳо бекор ва тағйир дода шудааст.

Дар ин суханронияш Раҳмонов аз раҳбарияти мақомоти додгоҳӣ талаб кардааст, ки аз ҳуқуқвайронкуниҳо, ба мисли фасод дар фаъолияти додрасҳо ва кормандони ин ниҳод пешгирӣ кунанд.

Инчунин ӯ хостааст дар масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад ва мақомотро аз шахсони тасодуфӣ, ки ба шаъну эътибори мақомоти додгоҳӣ иснод меоваранд, тоза намоянд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки додрасҳо дар кишвар бо фармони худи раисҷумҳур таъйину барканор мешаванд ва сохтори додгоҳии кишвар пурра зери идораи ӯст. Мардум ҳам инро дарк кардаанд, чун ҳолатҳои зиёде вуҷуд дорад, ки бархе аз шаҳрвандон дар ҷанҷолҳои додгоҳӣ ба шахси Эмомалӣ номаҳои кушода менависанд, чун медонанд бо шафоати ӯ вуҷуди қонун ҳам чандон муҳим нест.

Пас аз соли 2016 даҳҳо созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аз Тоҷикистон вуҷуди ришва ва фасод дар низоми додгоҳии он интиқод карда буданд. Ғайриқонунӣ зиндонӣ шудани мухолифони сиёсӣ, вакилони дифоъ, рӯзноманигорон ва озодандешон аз ҷумлаи интиқодоти ин созмонҳост. Дар гузориши баъзе созмонҳо гуфта мешавад, ки дар аксари ин парвандаҳо додрасҳо ба ҳар шакле иқрор шудаанд, ки фармонро аз “боло” гирифтаанд ва коре аз дасташон сохта нест.

Таҳлилгарон ба ин боваранд, ки то низомӣ додгоҳӣ аз ҳукумат ҷудо набошад ҳама гуна ислоҳот сатҳӣ боқӣ монда, мушкилоти ин низом бартараф нахоҳад шуд.

Вобаста будани низоми додгоҳӣ аз Эмомалӣ Раҳмон боис гаштааст, ки дар кишвар парвандаҳои сиёсӣ ва зиндониёни сиёсӣ бештар шаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.