26.9 C
Dushanbe

Интиқоди шадиди гузоришгари СММ аз нақзи ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон

Аҳмад Шаҳид, гузоришгари вижаи Созмони Миллали Мутаҳид дар умури озодиҳои динӣ

Бозраси вижаи Созмони Миллали Мутаҳид дар умури озодиҳои динӣ аз кишварҳои узви ин созмон хост, қонуноҳоеро, ки ҳаҳқи ақалиятҳоро дар парастиш ва ибодат маҳдуд мекунанд лағв кунанд.

Ӯ ба унвони намуна аз боздошт ва зиндонӣ намудани ӯйғурҳо дар Чин, инчунин аз 21 кишваре, ки аз дин баргаштанро ҷурм медонанд ёдовар шудааст. Дар баробари ин, аз Куриёи Шимолӣ, ки болои масеҳиён ва Тайланд, ки болои мусалмонон назорати шадид мебаранд, интиқод намудаст.

Аҳмад Шаҳид гузоришгари вижаи Созмони Миллали Мутаҳид ҳушдор дода, мегӯяд:

“адами аз байн бурдани табъиз, ҳамроҳ бо ҳошиянишинии сиёсӣ ва ҳамлаҳои миллигароёна ба ҳувияти ақалиятҳо мунҷар ба бурузи хушунат ва ҳатто ҷиноятҳои ваҳшатнок мегардад”.

Ӯ аз давлатҳои аъзо хост, “ҳамаи қонунҳое, ки боиси поймолкунии ҳуқуқи башар ва озодиҳои динию эътиқодӣ мегарданд”-ро лағв кунанд ва қонунҳои нави зидди табъизро тасвиб кунанд. Ӯ дар идома хост, давлатҳо шароитеро фароҳам кунанд, ки ақалиятҳо битавонанд озодона ба умури динӣ ва эътиқодии худ бипардозанд.

Аҳмад Шаҳид, ки 4 соли ахир гузоришгари вижаи СММ дар умури озодиҳои динӣ аст, гуфт, ки аз соли 2015 пайгириҳо нишон медиҳанд, ки давлатҳо “чораҳо ва иқдомоти берун аз қонунро, ки озодиҳои динӣ ва эътиқодиро нақз мекунанд, ҷорӣ кардаанд. Ва тибқи чунин қавонин барои машруъиятзудоӣ ва доғдор кардани гурӯҳҳои муайяни динӣ ё эътиқодӣ истифода мекунанд”.

Вай афзуд: “ин иқдомот шомили маҳдудкардани тасиси ибодатгоҳҳо, маҷбуран таътил кардани онҳо, маҳдуд кардан дар таъйини раҳбарони динӣ ва таъқибу озори онҳо, маҳдуд кардани иду маросимҳои динӣ, муҳдуд сохтани омӯзишҳои динию эътиқодӣ мебошанд”.

Гузоришгари СММ инчунин дар мавриди вазъияти динии Тоҷикистон низ пардохтааст. Ӯ мегӯяд:

“дар Тоҷикистон фаъолони муътадили динӣ, ки аксаран мусалмонанд, ба баҳонаи “Қонуни мубориза бар зидди ифротгароӣ” ба хотири фаъолиятҳои динӣ, омӯзишҳои мазҳабӣ ва пахшу нашри осори динӣ боздошт шудаанд”.

Ба навиштаи ин гузоришгар, мақомоти бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, раҳбарон ё пайравни ақалиятҳои диниро ба иттиҳомоти “эҷодкунандаи халал дар сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сарнагун сохтани ҳокимият” маҳкум ва зиндонӣ кардаанд.

У ҳамчунин аз нақзи озодиҳои ақалиятҳои дини дар Афғонистон, Нигерия, Ирон, Миср, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Иморот, Қатар ва дигар кишварҳо ибрози нигаронӣ кард ва аз тағироти мусбат дар кишварҳои Канада, Юнон, Судон Донморк ва Ирландия истиқбол кард.

Баъд аз қабули “Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” дар Тоҷикистон қишри рӯҳонӣ зери идораи давлат ворид гашт. Пас аз он Ҳукумати кишвар хатибону воизони зиёдеро аз масҷидҳо ронд ва фаъолиятҳои масҷмдҳоро хеле маҳдуд сохт. Дар ин раванд чандин руҳонӣ ва шахсҳои гунонун бо иттиҳомоти таълимоти динӣ додан ба зиндон кашида шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ба муҳоҷирони дорои доғи судӣ шаҳрвандии Русия дода намешавад

Дар Русия қоидаҳои гирифтани иқома ва шаҳрвандӣ барои муҳоҷирон боз ҳам сахттар мешаванд.

Идомаи пулҷамъкунӣ дар мактабҳо. Кӣ бояд пеши роҳи ин “ғорат”-ро бигирад?

Бо наздик шудани поёни соли таҳсил, масъулони мактабҳои миёна дар вилояти Хатлон хонандогон ва ҳатто омӯзгоронро маҷбур доранд, ки барои таъмири мактаб пул ҷамъ кунанд.

Пас аз нигарониҳо мақомот андозбандии интиқоли маблағ байни шаҳрвандонро рад кард

Мақомоти андози Тоҷикистон хабари ҷорӣ гардидани низоми андозбандии рақамиро ҳангоми истифодаи ҳамёнҳои электронӣ рад кард.

Корманди додситонӣ Меҳрона Ноибоваро ба худкушӣ расонд

Меҳрона Ноибоваи 23-сола 4-уми апрели соли ҷорӣ аз истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и Дарвоз нопадид гашта, ҷасадаш аз соҳили рӯди Панҷ пайдо шуд.